Бино ба гузориши хабаргузории ABNA ба нақл аз шабакаи Ал-Ҷазираи Қатар, конфронси "роҳҳалли ду давлатӣ" ба мизбонии Фаронса ва Арабистони Саудӣ ва бо ҳузури даҳҳо нафар аз раҳбарони кишварҳои ҷаҳон, барои ба расмият шинохтани давлати мустақили Фаластин, дар Ню-Йорк оғоз ба кор кард.
Фаронса ва Арабистони Саудӣ рӯзи душанбе ба вақти маҳаллии Амрико, мизбони конфронсе бо ҳузури даҳҳо нафар аз раҳбарони ҷаҳон хоҳанд буд. Ҳадафи ин нишаст, ҷалби ҳимоят барои роҳҳалли ду давлатӣ аст ва интизор меравад, ки чандин кишвар ба таври расмӣ, давлати Фаластинро ба расмият бишиносанд; иқдоме, ки метавонад вокунишҳои тундеро аз сӯи Исроил ва Амрико ба думбол дошта бошад.
Ин конфронс бо суханронии Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса оғоз ба кор кард.
"Дигар наметавонем бештар аз ин мунтазири ба расмият шинохтани давлати Фаластин бошем"
Макрон гуфт: "Имрӯз даври ҳам ҷамъ шудем чаро ки замони он аст, ки 48 асире, ки Ҳамос онҳоро дар ихтиёр дорад, озод шаванд ва ҷанг дар навори Ғазза мутаваққиф шавад. Дигар наметавонем бештар аз ин мунтазири ба расмият шинохтани давлати Фаластин бошем."
Вай афзуд: "Ваъдаи ташкили як давлати арабӣ дар Фаластин ҳанӯз муҳаққақ нашудааст. Масъулияти ҷамъии шикасти манамонро дар эҷоди як сулҳи одилона ва ҷомеъ дар Ховари Миёна қабул мекунем."
Your Comment