Ба гузориши Агентии хабарии Абно, Амрико ва тройкаи аврупоӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳокимони Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ, ки дар Вена баргузор шуд, бо қироати баёнияе, ки вебсайти Вазорати хориҷии Британия онро мунташир кардааст, бидуни дар назар гирифтани кӯтоҳӣ ва бемасъулиятии Агентии энергияи атомӣ дар қиболи ҳамлаи ғайриқонунии Амрико ва режими саҳюнистӣ ба марказҳои ҳастаии кишварамон дар ҷараёни ҷанги 12-рӯзаи таҳмилӣ, иқдоми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар таваққуфи ҳамкорӣ бо Агентӣ аз июни 2025-ро «нигаронкунанда ва ғайри қобили қабул» хонданд.
Ин баёния меафзояд, ки «аз рӯзи 13 июни 2025 дастрасии бозрасони Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ ба тамоми таъсисоти ҳастаии Эрон ҷуз нерӯгоҳи Бушаҳр маҳдуд шуда ва Эрон то кунун ҳеҷ гузориши қонунӣ дар хусуси фаъолиятҳои ҳастаии худ ироа накардааст.»
Дар ҳоле ки пеш аз ин Амрико ва режими саҳюнистӣ муддаии «нобудии захираҳои ураниуми бо ғинои баланд» дар Эрон дар ҷараёни ҳамлаи таҷовузкорона алайҳи таъсисоти ҳастаии Эрон буданд, дар баёния иддао шуда, ки «захираҳои ураниуми бо ғинои баланд дар Эрон аз ду моҳу ним пеш то кунун бидуни ҳисобдори боқӣ монда ва Агентӣ иттилое дар ин хусус ба даст наёвардааст.»
Ин баёния бидуни ишора ба ин ки ҳамлаи низомӣ ба таъсисоти ҳастаии кишварҳо нақзи қавонини байналмилал ба шумор меравад, иддао кардаанд, ки «ҳамлаҳои ахир ба бархе марказҳои ҳастаӣ наметавонад тавҷиҳе барои тааллуқ бошад ва Эрон бояд фуран иҷрои комили тавофуқномаи посдорӣ (Падмо) -ро аз сар бигирад.»
Амрико, Фаронса, Олмон ва Британия «ҳамкории фаврӣ»-ро «шарти асосӣ барои дастрасӣ ба тавофуқи пойдор дар бораи нигарониҳои ҳастаии» Эрон дониста ва дар баёнияи худ аз тавофуқи ахири Эрон ва Агентӣ истиқбол карда ва дар айни ҳол ҳушдор доданд, ки «агар Эрон то нишасти баъдии шӯро, ҳамкории комилро аз сар нагирад, омодаи иттихози тасмимоти лозим хоҳанд буд.»
Your Comment