Тибқи гузориши хабаргузории ABNA ба нақл аз Ал-Ҷазира, кишварҳои арабӣ, Иттиҳодияи Араб ва Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс, ҳамлаи тарсувонаи режими саҳюнистӣ ба Қатарро, ки дар он гурӯҳи музокиракунандаи ҷунбиши Ҳамос ҳадаф қарор гирифта буд, маҳкум карданд.
Бар асоси ин гузориш, кишварҳои арабӣ ин ҳамларо иқдоми таҳрикомез ва нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ ва ҳокимияти Қатар тавсиф карданд ва ҳамбастагии худро бо ин кишвар иброз карданд.
Вокуниши Арабистони Саудӣ ба ҳамлаи Исроил ба Қатар Хабаргузории Арабистони Саудӣ (SPA) гузориш дод, ки Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди ин кишвар, дар тамоси телефонӣ бо шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар, зимни маҳкум кардани ҳамлаи Исроил бар пуштибонии комили Арабистони Саудӣ аз Қатар таъкид кард.
Вай афзуд: "Арабистони Саудӣ тамоми имконоти худро барои пуштибонӣ аз Қатар ва амнияти ин кишвар ба кор хоҳад баст."
Шоҳи Урдун: Амнияти Қатар бахше аз амнияти Урдун аст Абдуллоҳи II, шоҳи Урдун, дар тамоси телефонӣ бо шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар, таъкид кард, ки "амнияти Қатар бахше аз амнияти Урдун аст."
Вай дар ин тамоси телефонӣ бар мавқеи кишвараш нисбат ба радди ҳар гуна иқдоме, ки амният, субот ва ҳокимияти Қатарро заиф кунад, таъкид кард.
Айман Сафадӣ, вазири умури хориҷии Урдун низ таҷовузи тарсувонаи Исроил ба Қатарро башиддат маҳкум кард ва аз ҷомеаи байналмилалӣ хост то режими саҳюнистиро маҳор кунанд.
Вокуниши Иморот ба ҳамлаи Исроил ба Қатар Анвар Қарқош, мушовири раиси Иморот, ҳамлаи Исроил ба Қатарро маҳкум кард. Ӯ дар пости дар фазои маҷозӣ навишт: "Амнияти кишварҳои арабии Халиҷи Форс ғайри қобили тафриқа аст ва мо тамоми қад дар канори кишвари бародари Қатар истодаем ва ҳамлаи хоинонаи Исроилро маҳкум мекунем."
Аз сӯи дигар, Абдуллоҳ бин Зоид, вазири умури хориҷии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, дар твитте навишт, ки бар ҳамбастагии комили кишвараш бо Қатар таъкид кард.
Кувайт: Ҳамлаи Исроил ба Қатар нақзи ошкори ҳамаи қонунҳои байналмилалӣ аст Вазорати умури хориҷии Кувайт дар баёнияе таҷовузи ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба Қатарро маҳкум кард ва ин ҳамларо "нақзи ошкори ҳамаи қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ" донист.
Вазорати умури хориҷии Кувайт ҳамчунин ин ҳамларо таҳдиди ҷиддӣ барои амният ва суботи минтақа ва заиф кардани мустақими сулҳ ва амнияти байналмилалӣ баршумурд.
Уммон ҳамлаи Исроил ба Қатарро башиддат маҳкум кард Вазорати умури хориҷии Уммон дар баёнияе ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Қатарро башиддат маҳкум кард. Дар ин баёния омадааст: "Террорҳои сиёсӣ аз сӯи Исроил, нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ, нақзи ошкори ҳокимияти як кишвар ва ташдиди хатарноки таниш аст."
Вокуниши Ташкилоти худгардони Фаластин ба ҳамлаи Қатар Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин низ ҳамлаи Исроил ба кишвари Қатарро маҳкум кард ва онро "нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ" донист.
Аз сӯи дигар, Ҳусейн Аш-Шайх, муовини раиси Ташкилоти худгардони Фаластин гуфт, ки "ҳамлаи Исроил ба Қатар таҳдиде барои амният ва суботи минтақа аст."
Риёсати ҷумҳурии Миср дар баёнияе ҳамлаи Исроил ба кишвари Қатарро башиддат маҳкум кард ва онро "як собиқаи хатарнок, як таҳаввули ғайриқобили қабул ва ташдиди таниш, ки талошҳои байналмилалӣ барои дастёбӣ ба оромишро заиф мекунад" тавсиф кард.
Вокуниши Димишқ ба ҳамлаи Исроил ба Қатар Вазорати умури хориҷии Сурия ҳамлаи Исроил ба пойтахти Қатарро башиддат маҳкум кард.
Ироқ ҳамлаи Исроил ба Қатарро маҳкум кард Вазорати умури хориҷии Ироқ дар баёнияе ҳамлаи Исроил ба Дуҳаро маҳкум ва бар мавқеъҳои собити Ироқ дар пуштибонӣ аз давлат ва мардуми Қатар ва пуштибонии комил аз он дар муқобила бо ҳар гуна ҳамлае, ки ҳокимияти онро заиф мекунад, таъкид кард.
Your Comment