4 Сентябр 2025 - 19:44
Source: ABNA
Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ба ҷосусии бозрасони худ дар Эрон эътироф кард

Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ (ОБЭА) дар гузориши семоҳаи худ ба ҷосусии бозрасони ин ниҳод аз Эрон ва хуруҷи асноди махфӣ аз тавсиот Фавдо эътироф кард.

Ба иттилои хабаргузории Абно, ОБЭА дар қисмате аз гузориши семоҳаи худ эътироф кард, ки Эрон 2 бозраси ин оҷонсро ба далели интиқоли бахше аз асноди махфӣ аз Эрон ба Вена канор гузошта ва лағви таъйинот кардааст.

"Лоуренс Норман", хабарнигори рӯзномаи Wall Street Journal-и Амрико қисматҳое аз гузориши мазкурро дар фазои маҷозӣ мунташир кард. Ба навиштаи Норман дар ин гузориш, ки рӯзи чаҳоршанбе мунташир шуда, омадааст, ки Эрон дар моҳи август (моҳи гузашта) "ду бозраси ботаҷриба"-и ин ниҳоди байналмилалиро лағви таъйинот кардааст. Оҷонс дар бораи далели ин тасмими Эрон эълом кард: "Иқдоми Эрон дар паи хатои онҳо (бозрасон) сурат гирифт, ки асноде, ки бояд дар фазои кории оҷонс дар сайти Форду боқӣ мемонданд, ба Вена бозгардониданд". Дар айни ҳол, оҷонс иддао кардааст, ки тасмими Эрон "ғайримуҷавваз" аст!

Дар бахши дигари иддаоҳои оҷонс омадааст: "Бояд таъкид шавад, ки агарчи ин саҳифаҳо шомили тавсифоте аз дохили тавсиот буданд, аммо муҳтавое, ки амнияти тавсиотро ба хатар биандозад, дар онҳо вуҷуд надошт".

Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс низ дирӯз бахшҳои дигари ин гузориши махфии оҷонсро мунташир кард. Дар гузориши Ассошиэйтед Пресс иддао шуда, ки бар асоси гузориши махфии ОБЭА, ки ба рӯъяти ин хабаргузорӣ расидааст, Эрон қабл аз таҷовузи саҳюнистҳои ишғолгар дар 13-июл, захираҳои ураниуми ғанишудаи худро ба сатҳҳои наздик ба дараҷаи таслиҳот афзоиш дода буд! Ассошиэйтед Пресс иддао кард: Дар ин гузориши махфӣ ҳамчунин омадааст, ки Эрон ва ОБЭА дар бораи азсаргирии бозрасӣ аз сайтҳои осебдида аз бомборон (режими) Исроил ва Амрико дар июн ба тавофуқе даст наёфтаанд. Танҳо сайте, ки пас аз ҷанг мавриди бозрасӣ қарор гирифт, нерӯгоҳи атомии Бушаҳр буд, ки бо кӯмаки фаннии Русия кор мекунад. Дар ин гузориш омадааст, ки дар ҳоле ки хуруҷи бозрасони Созмони Милал аз Эрон дар тӯли ҷанг (таҷовузи Амрико ва ишғолгарони саҳюнист ба Эрон бар хилофи маншури Милали Муттаҳид) "бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти куллии амниятӣ зарур буд, тасмими баъдии Теҳрон барои қатъи ҳамкорӣ бо ОБЭА амиқан таассуфовар буд"!

Ин хабаргузорӣ иддао кард: Дар гузориши ОБЭА, мустақар дар Вена, омадааст, ки Эрон то 13-июл 440,9 килограмм (972 фунт) ураниуми ғанишуда то 60 дарсад дошт, ки нисбат ба охирин гузориши оҷонс дар моҳи май 32,3 килограмм (71,2 фунт) афзоишро нишон медиҳад. Лозим ба зикр аст, ОБЭА 31-уми май дар гузорише махфӣ бо такрори иддаоҳо дар бораи анбошти захираҳои ураниуми ғанишуда дар "сатҳи таслиҳотӣ"-и Эрон, хостори ҳамкории комил ва муассири Теҳрон бо оҷонс шуд. Ин гузориш дар мақтае ҳассос ҳамзамон бо музокироти Теҳрон ва Вошингтон дар бораи барномаи ҳастаии Эрон мунташир шуд. Дар ин гузориш иддао шуд, ки Эрон то 17-уми май 408,6 килограмм ураниум бо хулуси 60 дарсад ғанисозӣ кардааст, ки нисбат ба охирин гузориши оҷонс дар феврал, афзоиши 133,8 килограммиро нишон медиҳад. Дар паи ин гузориш, Шӯрои Ҳукком бо судури қатъномае алайҳи Эрон, заминаи таҷовузи режими саҳюнистӣ ва Амрико алайҳи кишвари моро фароҳам овард. Гроссӣ пас аз шикасти ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Эрон ва посухҳои талафиҷӯёнаи қотеи Теҳрон иддао кард, ки охирин гузориши ӯ иллати аслии таҷовузи режими саҳюнистӣ нест. Ӯ бо ҳамдастии ошкор бо режими саҳюнистӣ, Амрико ва се кишвари аврупоӣ Англия, Фаронса ва Олмон бо ироаи ин гузориши дурӯғ заминаи таҷовузи режими саҳюнистӣ ба хоки Эрон ва тавсиоти сулҳомези Эронро фароҳам кард; гузорише, ки чанд рӯз пас аз таҷовузи режими саҳюнистӣ хилофи онро эълом ва таъкид кард, ки "Оҷонс ҳеҷ нишонае мабнӣ бар инки Эрон ба дунболи силоҳи ҳастаӣ аст, кашф накардааст".

Your Comment

You are replying to: .
captcha