3 Сентябр 2025 - 23:52
Source: Parstoday
Ахбор | Пизишкиён:Бояд муқобили зургӯии мухолифони равобити Эрон ва Чин истод؛ Трамп: Чикаго,пойтахти қатли дунё аст

Раиси Ҷуҳурии Исломии Эрон дар дидори узви доими ҳизби камунистии Чин гуфт: Бояд дар баробари зургӯиҳое, ки хоҳони равобити дӯстонаи Эрон ва Чин нестанд, истодагӣ кард.

«Масъуди Пизишкиён» раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷараёни барномаҳои сафар ба Чин, шомгоҳи сешанбе дар дидори  Ҳуанг Ҳе узви доими ҳизби камунистии Чин бо ишора ба аҳамияти ҳамкориҳои чандҷониба, Созмони Ҳамкории  Шангхай-ро абзори муассир барои муқобила бо якҷонибагароӣ тавсиф ва тасреҳ кард: Башарият ташнаи адолат, инсоф ва риояти қонун аст. Ба гузориши Порс тудей, Пизишкиён афзӯд: Тамаддуни ҷаҳони муттакӣ бар тоърих ва фарҳанги куҳани кишварҳои чун Эрон ва Чин аст ва дар партави ин тамаддунҳо, миллатҳо метавонанд зиндагии сарфарозонаӣ дошта бошанд.

Вай тасреҳ кард: Бояд дар баробари зургӯиҳои кишварҳое, ки равобити дӯстонаи Эрон ва Чин нестанд, истодагӣ кард.

Эътирозоти мутафовити 250 расона дар 70 кишвар ба шаҳодати хабарнигорон дар Ғазза

 Гуруҳи озодии расонаи гузоришгарони бидӯни марз ( RSF ) рӯзи сешанбе эълом кард ки беш аз 250 расона дар беш аз 70 кишвари ҷаҳон , эътирозиро дар сафҳаи аввали худ бо барҷаста кардани шаҳодати беш аз 200 хабарнигор дар ҷараёни таҳоҷуми ишғолгарони саҳюнисти алайҳи мардуми мазлӯми Ғазза баргузор кардаанд . Тибқ додаҳои гузоришгарон бидӯни марз , аз замони оғози ҷанги саҳюнистҳо алайҳи Ғазза дар 7 октябри 2023 , 248 хабарнигор ба шаҳодат расидаанд .

Дастгирии ҷосусони Исроил ва Амрико дар Санъо

« Муҳаммади Албахитӣ » узви барҷастаи дафтари сиёсии Ансоруллоҳи Яман рӯзи сешанбе дар мусоҳибае бо Франс 24 гуфт ки неруҳои ин кишвар дар як амалиёти амниятӣ чандин ҷосусро ки барои Амрико ва режими Исроил ҷосӯсӣ мекарданд , дастгир карданд . Вай афзӯд : Амрико ва муттаҳидонаш , аз ҷумла режими саҳюнистӣ , дар талош барои истихдоми бархе аз кормандони Созмони Милал ба унвони ҷосус дар Яман ҳастанд .

Лавров : Ҳинд таслими хостаҳои Амрико барои таваққуфи хариди нафт аз Русия нашуд

« Сергей Лавров » вазири умӯри хориҷаи Русия дар мақолае ки рӯзи сешанбе дар рӯзномаи инданезиёиии Компас мунташир шуд , навишт : Ҳинд таслими хостаҳои Амрико барои таваққуфи хариди нафт аз Русия нашудаасту Маскав аз ин мавзе қадрдонӣ мекунад .

Рӯнамое аз ҷадидтарин таҷҳизоти ҳастаӣ , паҳподӣ ва қорра паймои Чин

 Телевизиони Чин бо пахши зиндаи маросими рижаи низомии ин кишвар гузориш дод : Намӯнаҳои ҷадидӣ аз танкҳо ва худравҳои зиреҳии размӣ аз навъи тойпи 100 дар ин маросим ширкат дода шуданд . Ҳамчунин барои нахустинбор аз мӯшаки Донг Фанги 5 СИ ки як мӯшаки роҳбурдии ҳастаии қорра паймо бӯда ва бурди он саросари кураи заминро пӯшиш медиҳад рӯнамоӣ шуд . Xi Jinping раиси Ҷумҳӯри Чин дар ин маросим таъкид кард : Кишварҳои ҷаҳон метавонанд амнияти муштаракро тазмин карда ва монеъи такрори фаҷоёи торихӣ аз тариқи ҳимоят кардан аз якдигар шаванд .

Ҳамалоти аносири Ҷавлонӣ ба Масеҳиён дар Сурия

 Хабаргузории Алмаълумаи Ироқ ба нақл аз манобеи огоҳ эълом кард ки аносири ҳукӯмати Ҷавлонӣ ва бонди таҳти амри вай талошҳои бисёре барои мамониат аз инъикоси гузоришҳои марбӯт ба ҷиноёташон дар Сурия ба кор гирифтанд . Онҳо изофа карданд : Ин ҷиноёт ба вижа дар шаҳри Сувидо таий ҳафтаҳои гузаштаи ҷанҷол барангез шудааст . Дасти кам шаш Килисо дар ҷараёни лашкаркашии аносири Ҷавлонӣ ба ин шаҳр ва берун рондани ҳазорон хонаводаи масеҳӣ ба оташ кашида шудаанд .

 Пекан : Чин равобит бо Эронро дар дастури кори диплумотики худ қарор додааст

Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Чин рӯзи сешанбе дар шабакаи иҷтимоӣ Экс навишт :Xi Jinping раиси ҷҶмҳӯри Чин бо Масъӯди Пизишкиёни раиси Ҷумҳӯри Эрон , дар Пекан дидор кард . Робитаи Чин ва Эрон аз озмӯни таҳаввулот дар ҷаҳон сарбаланд берун омада ва тавсеаи пойдору солимиро ҳифз кардааст . « Mao Ning » дар идома афзӯд : Чин ҳамеша равобити худ бо Эронро дар дастури кори диплумотики худ дар ғарби Осиё қарор дода ва омодааст то бо Эрон барои пешбурди дӯстӣ , таъмиқи эътимоди мутақобил ва тақвияти ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф ҳамкорӣ кунад .

Трамп : Чикаго , пойтахти қатли дунё аст

« Доналд Трамп » раиси ҷумҳӯри Амрико рӯзи сешанбе дар паёмӣ дар расонаи иҷтимои худ мавсӯм ба Truth Social авишт : Чикаго , пойтахти қатли дунё аст . Вай дар паёми дигарӣ дар ин иртибот навишт : Охири ҳафта ҳаддиақал 54 нафар дар Чикаго мавриди исобати гулӯла қарор гирифтанд , 8 нафар кушта шуданд . Чикаго бо ихтилоф бадтарин ва хатарноктарин шаҳри ҷаҳон аст .

Яҳё Сариъ : Ситоди кули режими саҳюнистиро ҳадаф қарор додем

Ба гузориш Алмасира , Яҳё Сариъ сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман аз анҷоми 4 амалиёти алайҳи режими Исроил шомили ҳамла бо паҳпод « Самод 4 ба сохтимони Ситоди кули артиши режими саҳюнистӣ дар Тел-Авив , нерӯгоҳи барқии Алхазира , фурудгоҳи  Луд ( Бен Гурион ) ва бандари Ашдуд хабар дод . Сариъ афзӯд : Ҳамалоти паҳподи муваффақиятомез буд ва ба аҳдофи худ бо муваффақият исобат кард . Вай таъкид кард : Амалиёти ёрии бародаронамон дар Ғазза то таваққуфи ҳамалот алайҳи онҳо ва рафъи муҳосираи Ғазза идома хоҳад дошт .

Your Comment

You are replying to: .
captcha