3 Сентябр 2025 - 01:05
Source: Parstoday
Ҳузури миллионии мардуми Яман дар маросими ҷанозаи шаҳидони ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ

Мардуми Яман бо ҳузури густарда дар хиёбонҳои Санъо пайкари шаҳидони ҳамлаи террористии ахири режими саҳюнистиро ба хок супурданд.

Даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми Яман аз соъатҳои аввалияи субҳи рӯзи душанбе барои ширкат дар маросими расмии ҷанозаи мақомоти ин кишвар, аз ҷумла нахуствазир ва чанд тан аз вазирони ин кишвар , роҳии майдони Алсабъин дар Санъо шуданд.

Ба гузориши Порстудей ба нақл аз шабакаи Алмасира , Муҳаммад Мифтоҳ- сарпарасти давлати тағйиру созандагии Яман зимни ширкат дар маросими ташйиъи пайкари шаҳидон , гуфт : Мо таъкид мекунем, ки дар ҷойгоҳи шарофатмандонае қарор дорему ҳаргиз аз ҳимоят аз Ғазза пушаймон нахоҳем шуд.

Ҳузури миллионии мардуми Яман дар маросими ҷанозаи шаҳидони ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ

  Маросими ҷанозаи шаҳидони ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ ба Яман

Маросими ҷанозаи шаҳидони ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ ба Яман Мифтоҳ хотирнишон кард : Яман имрӯз мардуми худро дар ҳимоят аз ҳақиқат пеш бардааст ва мо аз ин бобат муфтахар ва розӣ ҳастем , аммо дар ин хусус ҳануз эҳсоси кӯтоҳӣ мекунем . Мо вориди як ҷанги бузургу таъсиргузор шуда ва бо амрикоиҳо даргир шудем ва ин ҷанг фақат низомӣ набуд. Дар ҳамин ҳол неруҳои мусаллаҳи Яман ҳамзамон бо маросими ташйиъи пайкари шуҳадо бо баргузарии рижаи бошукӯҳ , паёми омодагӣ ва истодагӣ дар баробари душманонро ба намоиш гузоштанд .

Ҳузури миллионии мардуми Яман дар маросими ҷанозаи шаҳидони ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ

  Маросими ҷанозаи шаҳидони ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ ба Яман

Аз сӯи дигар қабл аз оғози маросим Яҳё Сариъ-сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман низ бо интишори баёнияе эълом кард ,ки қисми мушакии ин кишвар як нафткаши режими саҳюнистиро дар баҳри Сурх ҳадаф қарор додааст. Вай дар баёнияи худ таъкид кард : Неруҳои мусаллаҳи Яман ин амалиётро бо мӯшаки балистикӣ дар ҳимоят аз Ғазза анҷом додаанд .

Дар ҳамлаҳои ҳавоии рӯзи панҷшанбеи режими ишғолгар ба Санъо , Аҳмад Ғолиб Насруллоҳӣ-нахуствазири Яман ба ҳамроҳи теъдоде аз вазирони ҳамроҳи вай ба шаҳодат расиданд.

Ҳузури миллионии мардуми Яман дар маросими ҷанозаи шаҳидони ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ

Image Caption

Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман рӯзи душанбе эълом кард : Нахуствазир ва 9 вазир аз ҷумла вазирони додгустарӣ, иқтисод , умӯри хориҷа ва иттилоот дар ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба Санъо ба шаҳодат расиданд.

Ҳузури миллионии мардуми Яман дар маросими ҷанозаи шаҳидони ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ

Маросими ҷанозаи шаҳидони ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ ба Яман

Your Comment

You are replying to: .
captcha