25 Июл 2026 - 17:18
Source: ABNA
Ҷо Кент: Мо исбот кардем, ки танҳо силоҳи ҳастаӣ монеъ аз ҳамлаи Амрикост

Роҳбари собиқи маркази миллии мубориза бо терроризми Амрико гуфт, ки Вашингтон ба ҷаҳон ин паёмро ирсол карда, ки танҳо доштани силоҳи ҳастаӣ метавонад монеъ аз ҳамлаи Амрико ба кишварҳои дигар шавад.

Ба гузориши агентии хабарӣ «Абна», Ҷо Кент, роҳбари собиқи маркази миллии мубориза бо терроризми Амрико, бо интиқод аз сиёсатҳои Вашингтон дар қиболи Эрон, дар шабакаи иҷтимоии X паёме нашр кард ва таъкид намуд: Агар ҳадафи мо ғайригустариш мебуд, мо бо аҳмақона кӯшишҳои худро барои расидан ба он нобуд кардем.

Вай бо ишора ба таҷовузи Амрико ва террори роҳбари шаҳид таъкид кард: Бо куштан (ва шаҳид кардан)-и Оятуллоҳ ва ҳамла ба Эрон, мо нишон додем, ки стратегияи онҳо - инкишоф надодани силоҳи ҳастаӣ ва нигоҳ доштани қобилияти ғанисозии уран - барои пешгирӣ аз таҷовузи Иёлоти Муттаҳида кофӣ нест.

Кент илова кард: Акнун агар номи Эронро бо Кореяи Шимолӣ иваз кунед, мо ба ҷаҳониён исбот кардаем, ки танҳо чизи монеъ аз ҳамлаи Иёлоти Муттаҳида, силоҳи ҳастаӣ аст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha