28 Август 2025 - 11:49
Source: ABNA
Ҳукумати Ироқ қонуни Ҳашд-уш-Шаъбиро аз порлумон бозпас гирифт

Пас аз моҳҳо интизорӣ барои тасвиби қонуни сохтордиҳии Ҳашд-уш-Шаъбӣ, ҳукумати Ироқ ба таври ногаҳон онро аз порлумон бозпас гирифт.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Ахли Байт (АБНА), Ҳусейн ал-Баттот, намояндаи фраксияи Давлати Қонун дар порлумони Ироқ, имрӯз чоршанбе эълон кард, ки ҳукумати Ироқ қонуни марбут ба сохтордиҳии нерӯҳои Ҳашд-уш-Шаъбиро аз порлумони Ироқ бозпас гирифтааст.

Ӯ дар суҳбат бо хабаргузории “Шаффақ Нюс”-и Ироқ изҳор дошт: “Ҳукумати Ироқ қонуни ташкили Ҳашд-уш-Шаъбиро бидуни эълони сабаби мушаххас аз порлумони ин кишвар хориҷ кардааст.”

Ал-Баттот ин иқдомро натиҷаи фишорҳои бархе аз кишварҳо донист, ки дар талошанд то тасвиби ин қонунро мутаваққиф кунанд.

Вай аз порлумони Ироқ хост, то бо фишор ба ҳукумати ин кишвар, ин қонунро дубора барои раъйдиҳӣ ба порлумони Ироқ бозгардонад.

Намояндаи фраксияи Давлати Қонун дар порлумони Ироқ таъкид кард, ки бояд аз фишорҳои дохилӣ ва хориҷӣ фосила гирифт ва қонуни Ҳашд-уш-Шаъбиро тасвиб кард.

Your Comment

You are replying to: .
captcha