Ба гузориши хабаргузории Аҳлулбайт (а) – Абна – Исраил Катс, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ эълом кард, ки нерӯҳои артиши ин режим дар Ҷабал-уш-шайх (кӯҳи Ҳермон) ва минтақаи ҳоил боқӣ хоҳанд монд то аз шаҳракҳои саҳюнистӣ ҳифозат кунанд.
Катс дар паёме дар платформаи «Икс» навишт: «Артиш дар Ҷабал-уш-шайх ва минтақаи ҳоил мустақар хоҳад монд, зеро ин минтақа барои ҳифозат аз шаҳракҳои Ҷӯлон ва Ҷалил дар баробари таҳдидоти эҳтимолӣ аз самти Сурия зарурӣ аст. Ин тасмим яке аз дарсҳои калидӣ аз воқеаҳои 7 октябр аст.»
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки Исроил ба ҳимоят аз ҷомеаи Друз дар Сурия идома хоҳад дод.
Дар ҳамин росто, нерӯҳои режими саҳюнистӣ иқдом ба тасбити мавзеъҳои низомӣ дар рустои Рахла дар минтақаи Ҷабал-уш-шайх карданд. Ин русто мушриф ба се масири ҳаётӣ аст, ки Димишқро ба Баалбак ва Байрут муттасил мекунад. Бо ин иқдом, нерӯҳои ишғолгар акнун танҳо 20 километр бо Димишқ, 50 километр бо Баалбак ва 60 километр бо Байрут фосила доранд.
Your Comment