23 Август 2025 - 12:05
Source: ABNA
Доктор Лариҷонӣ: Ба пуштибонӣ аз Ҳизбуллоҳ идома хоҳем дод

Дабири Шӯрои Олии Амнияти Миллӣ таъкид кард, ки Эрон ба пуштибонӣ аз Ҳизбуллоҳ идома хоҳад дод ва Эрон ҳеҷ тасмимеро ба Ҳизбуллоҳ таҳмил намекунад.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳлулбайт (а) — Абно — доктор Алӣ Лариҷонӣ, дабири Шӯрои Олии Амнияти Миллӣ, таъкид кард, ки Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчунон аз Ҳизбуллоҳи Лубнон пуштибонӣ хоҳад кард ва афзуд: "Теҳрон ба пуштибонӣ аз Ҳизбуллоҳ ниёз дорад, ҳамон тавре ки Ҳизбуллоҳ ба пуштибонии Эрон ниёзманд аст."

Ӯ дар гуфтугӯе матбуотӣ тасриҳ кард: "Ҳоло фишори зиёде бар Ҳизбуллоҳ дар Лубнон ворид мешавад, то силоҳи худро замин бигузорад, фишоре, ки исроилиҳо дар ҷанги мустақими низомӣ ҳам натавонистанд ба натиҷа бирасонанд."

Лариҷонӣ дар идома хотирнишон кард: "Дар расонаҳои байналмилалӣ таҳлилҳое мунташир мешавад, мабнӣ бар ин ки гурӯҳҳои мавриди пуштибонии Эрон дар ҳоли заъиф шудан ҳастанд. Агар ин гурӯҳҳо заъиф шудаанд, пас чаро чунин фишори густурдае бар онҳо ворид мешавад?"

Вай бо матраҳ кардани пурсише гуфт: "Мегӯянд Ҳизбуллоҳ зарба хӯрдааст, аммо оё ин ҳизб дубора худро бозсозӣ карда ё на?"

Ӯ эълом кард, ки Ҳизбуллоҳ теъдоди зиёде нерӯи ҷавони муҷоҳид дорад, то ҷое ки раванди бозсозӣ ва тақвияти дубораи худро оғоз кардааст.

Ба гуфтаи доктор Лариҷонӣ, Ҳизбуллоҳ замоне шакл гирифт, ки Исроил Бейрутро ба таври комил ишғол карда буд. Дар он замон гурӯҳе аз ҷавонони лубнонӣ гуфтанд бояд аз худамон дифоъ кунем. Бинобар ин, ҷавҳари Ҳизбуллоҳ зодаи худи мардуми Лубнон аст ва ба як сармояи бузург барои онон бадал шуд; сармояе, ки ба як кишвари кӯчак қудрати муқовимат дар баробари Исроилро медиҳад.

Ӯ афзуд: "Муқовимат дар минтақа як сармояи роҳбурдӣ аст ва Эрон ҳамон қадр ба Ҳизбуллоҳ ниёз дорад, ки Ҳизбуллоҳ ба Эрон ниёзманд аст."

Доктор Лариҷонӣ бо таъкид бар ин ки Эрон ҳамон тавре ки дар гузашта ба пуштибонӣ аз Ҳизбуллоҳ идома хоҳад дод, хотирнишон кард: "Масоили Лубнон бояд аз тариқи гуфтугӯи дохилӣ ҳал шавад. Эрон ҳеҷ чизеро ба Ҳизбуллоҳ таҳмил намекунад, ин ҳизб бонурона рафтор мекунад ва тасмимоти худро ба таври мустақил мегирад."

Дипломасияро канор нахоҳем гузошт

Дабири Шӯрои Олии Амнияти Миллӣ дар бахши дигаре аз суханонаш дар бораи равиши Эрон дар музокирот гуфт: "Дипломасия фи-нафсиҳи як абзор аст ва бахше аз кори давлат маҳсуб мешавад. Бинобар ин, мантиқӣ нест, ки онро канор бигузорем."

Ӯ ҳушдор дод: "Агар душман арсаи дипломасияро ба як намоиши таблиғотӣ ва намоишӣ табдил кунад, ин дипломасия самаре нахоҳад дошт."

Ба гуфтаи вай, дипломасияи душман акнун бештар барои ёфтани баҳона аст. Бо ин ҳол набояд бигӯем, ки дипломасияро қатъ мекунем.

Доктор Лариҷонӣ шарти Эрон барои ҳар музокираеро ҷиддӣ ва воқеӣ будан донист ва афзуд: "Агар қасди ҷанг доред, шуруъ кунед, аммо ҳар замон пушаймон шудед, метавонед ба мизи музокира бозгардед."

Your Comment

You are replying to: .
captcha