23 Август 2025 - 12:15
Source: ABNA
Истеъфои дастаҷамъии вазирони Ҳолланд дар эътироз ба ҷиноёти Телавив

Вазирони вобаста ба як ҳизби сиёсӣ дар Ҳолланд ҳимояти худрро аз вазири хориҷаи ин кишвар дар баробари режими саҳюнистӣ эълом карданд.

Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз Ассошиэйтед Пресс, вазирони вобаста ба ҳизби «Даҳаи иҷтимоии ҷадид» дар Ҳолланд аз истеъфои худ хабар доданд.
Ин иқдоми онҳо бар эъломи ҳимоят аз истеъфои вазири хориҷаи ин кишвар ба дунболи шикаст хӯрдани талошҳояш барои аъмоли таҳримҳои ҷадид алайҳи режими саҳюнистӣ сурат гирифт.
Каспар Валд Камп, вазири умури хориҷаи Ҳолланд ҷумъа шаб аз самти худ истеъфо дод. Ин тасмим пас аз барӯзи ҷадал дар нишасти давлат дар бораи аъмоли таҳримҳои эҳтимолӣ алайҳи Телавив иттихоз шуд.
Валдкамп дар баёнияе эълом кард: Ба ин натиҷа расидаам, ки дар ҷойгоҳе нестам, ки битавонам иқдомоти муҳим ва бештареро барои фишор бар Исроил иҷро кунам.
Вазири умури хориҷаи Ҳолланд рӯзи панҷшанбе аз тамоюли худ барои аъмоли тадобири тоза алайҳи Телавив сухан гуфта буд.
Пештар низ давлати Ҳолланд дар июли гузашта Эйтмар Бен-Ғовир ва Смотрич, 2 вазири саҳюнистро «ашхоси номатлуб» эълом карда буд.
Ҳамчунин Ҳолланд аз ҷумла 21 кишваре буд, ки рӯзи панҷшанбе дар баёнияе муштарак, тасвиби тарҳе бузург барои тавсеаи шаҳраксозӣ дар каронаи бохтарии ишғолӣро «ғайриқобили қабул ва муғойир бо ҳуқуқи байналмилал» донист.

Your Comment

You are replying to: .
captcha