23 Август 2025 - 12:14
Source: ABNA
Навтасвири «Трамп» ҷанҷолбарангез шуд

Интишори навтасвир аз кабудии дасти Трамп, ки бо креми ранга пӯшонида шуда буд, муҷаддадан саволҳоеро дар фазои маҷозӣ дар хусуси саломатии вай барангехт.

Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз «Русия ал-явм», интишори навтасвир аз кабудии рӯи дасти рости Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ки бо креми ранга пӯшонида шуда буд, ҷанҷолбарангез шуд.

Рӯзномаи «Дейлӣ Пост» гузориш дод, ки креми задашуда рӯи кабудии дасти Трамп дар ин тасвир комилан мушаххас аст. Вай аз замоне, ки муҷаддадан дар Амрико ба қудрат расида аз ин кремҳо барои пӯшонидани кабудии дасташ истифода мекунад.

Сухангӯи Кохи Сафед низ иддао карда буд, ки Трамп рӯзона бо теъдоди зиёде аз Амрикоиҳо дидор мекунад ва беш аз ҳар раисҷумҳури дигаре дар таърих бо онҳо даст медиҳад!

Нэвил Вилямз, хабарнигори Амрикоӣ низ пешниҳод дода буд, Трамп ба ҷои даст додан, ҷорҳои дигаре ба Амрикоиҳо вокуниш нишон диҳад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha