19 Август 2025 - 10:26
Source: ABNA
Ҳалокати яке аз фармондеҳони ДОИШ дар шарқи Афғонистон

Манбаъҳои маҳаллӣ дар вилояти «Нангарҳор» ҳалокати фармондеҳи фирории гурӯҳи террористии ДОИШ-ро дар шарқи Афғонистон таъйид карданд.

Ба гузориши хабаргузории Аҳли Байт(ъ) - Абна - манбаъҳои маҳаллӣ дар вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон, ҳалокати «Ҳоҷӣ Мусо» фармондеҳи фирории гурӯҳи террористии ДОИШ дар шаҳристони «Дарранур»-и ин вилоятро тасдиқ карданд.

Бар асоси гузориши манбаъҳои маҳаллӣ, Ҳоҷӣ Мусо, ки чанд рӯз пеш аз як ҳамла гурехта буд, пас аз амалиёти шиносоӣ ва таъқиби Толибон, кушта шуд.

Вай яке аз чеҳраҳои барҷастаи гурӯҳи террористии ДОИШ дар вилоятҳои Кунар, Нангарҳор ва Лағмон ба шумор мерафт.

Пештар, «Ҳамдуллоҳ Фитрат», муовини сухангӯи ҳукумати Толибон, дар вокуниш ба ибрози нигаронии Русия дар бораи фаъолияти ДОИШ дар Афғонистон, таъкид карда буд, ки ин гурӯҳи террористӣ дар ин кишвар саркӯб шуда ва дигар ҳузури муассире надорад.

Вай афзуд, ки мардуми Афғонистон мухолифи ифротгароӣ ҳастанд ва ҳукумати Кобул низ барои таъмини амният, иқдомоти ҷиддӣ анҷом додааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha