Тибқи гузориши хабаргузории АБНО, Ҷ.Д. Вэнс, муовини раисиҷумҳури Амрико дар гуфтугӯ бо шабакаи Фокс Нюз таъкид кард, ки Укроин ба дунболи тазмини баландмуддат барои ҳифзи якпорчагии қаламрави худ аст ва мехоҳад мутмаин шавад, ки бори дигар дар маърази таҷовузи Русия қарор нахоҳад гирифт. Вэнс афзуд: "Русҳо хоҳони контроли бахшҳое аз Укроин ҳастанд; бахши умдае, ки ҳам акнун таҳти ишғоли [онҳо] аст ва бахши дигаре, ки ҳанӯз ишғол нашудааст." Вай дар бахши дигари мусоҳибааш хотирнишон кард: "Бештарин саҳм дар таъмини амнияти Укроин бар дӯши аврупоиҳо хоҳад буд." Муовини раисиҷумҳури Амрико ҳамчунин дар бораи вуруди Илон Маск ба арсаи ташкили як ҳизби сиёсии саввум дар Амрико гуфт: "Фикр мекунам идомаи ин масир аз сӯи Маск иштибоҳ бошад." Вэнс таъкид кард, ки ҳеҷ гуфтугӯе бо Маск ё соири ҳомиёни молии дар бораи интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2028-и Амрико надоштааст.
Расонаи амрикоӣ: Амрико нақши маҳдуде дар тазмини амниятии Укроин хоҳад дошт
Дар ҳамин росто, пойгоҳи хабарии "Политико" ба нақл аз як мақоми аврупоӣ гузориш дод, ки як мақоми Пантогон ба бархе аз муттаҳидон эълом кардааст: "Вошингтон қасд дорад нақши маҳдуде дар ироаи ҳар гуна тазмин ба Укроин ифо кунад." Бар асоси гузориши масъулон ба "Плитико", ин изҳороти амрикоиҳо боиси нигаронии муттаҳидон шудааст; чаро ки Трамп бар нақши Аврупо барои тазмини сулҳи баландмуддат такя дорад. Аз сӯи дигар, ҳамчунин, рӯзномаи "Вол Стрит Ҷурнал" низ ба нақл аз як мақом дар давлати Трамп навишт, ки вай ва тими ӯ дар талошанд то дидори дуҷонибае миёни мақомоти рус ва укроинӣ тартиб диҳанд. Бар асоси ин гузориш, ин дидор миёни мақомоти русӣ ва укроинӣ бо ҳадафи таваққуфи куштор ва поён додан ба ҷанг барномарезӣ шудааст.
Your Comment