Ба гузориши хабаргузории Аҳлибайт(а) — Абно — расонаҳои режими саҳюнистӣ иддао карданд, ки ШАБАК як зани солхӯрдаро дар маркази арозӣи ишғолӣ ба зумми талош ва барномарезӣ барои террори Бинямӣн Нетаняҳу нахуст вазири ин режим боздошт кардааст.
Ба гузориши расонаҳои режими саҳюнистӣ ин зан қасд доштааст, ки бо бомб Нетаняҳуро ҳадаф қарор диҳад.
Ҳамзамон пулиси режими саҳюнистӣ низ муддаӣ шуд: Бо ҳамкории ШАБАК як занро боздошт кардем, ки бо ҳамдастии дигарон ба дунболи террори нахуст вазир буд. Ин зан аз сокинони маркази Исроил аст ва ба дунболи ҳадаф қарор додани Нетаняҳу бо бомб буд.
Пулиси режими саҳюнистӣ эълом кард, ки таҳқиқот аз ин зан идома дорад ва иттиҳоми тавтеаи иртикоби иқдоми террористӣ алайҳи ӯ матраҳ аст.
Ҷузъиёти бештаре ҳанӯз мухобира нашудааст.
Your Comment