24 Июл 2025 - 10:46
Source: ABNA
Афзоиши хушунатҳои тоифаӣ дар соҳилҳои Сурия; беш аз 1400 кушта дар як ҳафта

Кумитае вобаста ба ҳукумати Ҷавлонӣ дар Сурия эълом кардааст, ки дар ҷараёни хушунатҳои густардаи тоифаӣ дар манотиқи соҳилии ин кишвар дар авоили марти 2025, дасткам 1443 нафар ба қатл расидаанд.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳлибайт(а) — Абно — тибқи эъломи хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, кумитае вобаста ба ҳукумати Ҷавлонӣ дар Сурия эълом кардааст, ки дар ҷараёни хушунатҳои густардаи тоифаӣ дар манотиқи соҳилии ин кишвар дар авоили марти 2025, дасткам 1443 нафар ба қатл расидаанд. Ин хушунатҳо умдатан дар манотиқи дорои ҷамъияти алавитӣ гузориш шуда ва қурбониён шомили даҳҳо кӯдак ва зан будаанд.

Гузориши ёдшуда меафзояд, ки ин нооромиҳо бо ҳамлаҳои гурӯҳҳое мусаллаҳ алайҳи сокинони ғайринизомӣ оғоз шуд ва бо иқдомоти талофиҷӯёнаи бархе аз аҳолӣ идома ёфт. Саркардагони ҳукумати Ҷавлонӣ таъкид кардаанд, ки ин даргириҳо ҷанбаи идеологӣ надошта (!) ва аксаран ношӣ аз ангезаҳои талофиҷӯёна ва эҳсосоти маҳаллӣ будааст!

Бар асоси иттилооти расмӣ, беш аз 300 муттаҳам шиносоӣ шудаанд, ки аз миёни онҳо 37 нафар боздошт шудаанд ва раванди таҳқиқ идома дорад. Манобеи маҳаллӣ ҳамчунин аз тахриби густардаи амволи умумӣ ва манозили маскунӣ хабар додаанд.

Коршиносон ҳушдор додаанд, ки идомаи ин хушунатҳо метавонад бар раванди бозсозии сиёсӣ ва амниятии кишвар, ки дар вазъияти шиканандае қарор дорад, таъсири манфӣ бигузорад.

Бо дар назар гирифтани ин ки нерӯҳои таҳти фармондеҳии Ҷавлонӣ, худ омили аслии ин куштор ҳастанд, ба назар мерасад, ки рақами эълом шуда аз кушташудагони алавит ва друзӣ бисёр бештар аст аз он чӣ ки аз сӯи террористҳои сурӣ эълом шудааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha