Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳлулбайт(а) — Абно — тазоҳуроти муътаризони Сурия ба таҷовузоти ҳавоии режими ишғолгар ба Димишқ, дар манотиқи мухталифи ин кишвар аз ҷумла Ҳалаб, Лозиқия, Ҳамо ва Димишқ баргузор шудааст.
Мардуми Сурия дар тазоҳуроти худ ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба маркази фармондеҳии ситоди кулли артиши Сурия ва қасри раёсатҷумҳурӣро ба шиддат маҳкум карда ва алайҳи ин режим шиор сар доданд.
Вазорати умури хориҷаи Сурия бо судури баёнияе эълом кард, ки "мо таҷовузи хусумононаи Исроилро, ки имрӯз ниҳодҳои давлатӣ ва тасосисоти ғайринизомиро дар Димишқ — пойтахт — ва устони Сувайдо ҳадаф қарор дод, ба шиддат маҳкум мекунем."
Вазорати ёдшуда таъкид кард ин ҳамлаи ошкор дар чорчӯби сиёсати ҳадафманди режими Исроил барои домана задан ба таниш, эҷоди ҳарҷу марҷ ва тазъифи амният ва суботи Сурия сурат мегирад.
Вазорати хориҷаи Сурия таъкид кард, ки ҳуқуқи машрӯъи комили худро барои дифоъ аз сарзамин ва мардуми худ бо тамоми абзорҳои тазминшуда тавассути қавонини байналмилалӣ маҳфуз медонад.
Your Comment