17 Июл 2025 - 11:41
Source: ABNA
Садҳо ҳазор нафар дар Ғазза аз гуруснагӣ ва беморӣ ранҷ мебаранд

Мушовири расонаии Оҷонси кӯмакрасонӣ ва корёбии Созмони Милал барои оворагони фаластинӣ (Унрва) аз вазъияти фоҷеабори Ғазза хабар дод ва эълом кард: "Садҳо ҳазор нафар дар Ғазза аз гуруснагӣ ва беморӣ ранҷ мебаранд."

Ба гузориши хабаргузории Аҳлулбайт(а) — Абно — мушовири расонаии Оҷонси кӯмакрасонӣ ва корёбии Созмони Милал барои оворагони фаластинӣ (Унрва) эълом кард: "Вазъияти инсонӣ дар Ғазза ба марҳилаи пас аз фоҷеа расидааст ва садҳо ҳазор нафар аз сокинон аз гуруснагӣ ва беморӣ ҳамзамон бо фурӯпошии комили хидматрасонӣ ранҷ мебаранд."

Аднон Абуҳасана афзуд: "Мо ҳоло аз марҳилаи пас аз фоҷеа сухан мегӯем. Вазъият ба шакли шадид ва бесобиқа буҳронӣ шудааст ва садҳо ҳазор нафар гурусна ва бемор ҳастанд. Беморӣ ба иллати сӯи тағзия ва масрафи оби носолим ва олуда ба шиддат шуйӯъ пайдо кардааст."

Мушовири расонаии Оҷонси кӯмакрасонӣ ва корёбии Созмони Милал барои оворагони фаластинӣ (Унрва) зимни истиқбол аз мавзеъгириҳои Иттиҳодияи Аврупо мабнӣ бар тавофуқ бо тарафи исроилӣ барои бозгашти созмонҳои байналмилалӣ ба Ғазза таъкид кард: "Унрва умедвор аст, ки ин тавофуқ бо вуруди садҳо қатори боркаш дар рӯз аз кӯмакҳои ғизоӣ ва пизишкӣ, иҷроӣ шавад."

Аднон Абуҳасана зимни нокофӣ хондани кӯмакҳои воридшуда ба Ғазза гуфт: "Маҳсулоти воридшуда аз 27 урдибиҳишт моҳ (17 май) то кунун аз 11 ҳазор тонна фаротар намеравад, дар ҳоле ки ин мизон бояд фақат дар як рӯз вориди Ғазза мешуд."

Мушовири расонаии Оҷонси кӯмакрасонӣ ва корёбии Созмони Милал барои оворагони фаластинӣ (Унрва) тасриҳ кард: "Мо дар қолаби Созмони Милал ба тарафи исроилӣ барои кушодани гузаргоҳҳо ва афзоиши кӯмакҳои башардӯстона фишор ворид мекунем."

Аднон Абуҳасана ба шиддат маркази тавзеъ, ки Амрико ва режими саҳюнистӣ эҷод карданд, ба боди интиқод гирифт ва онро иқдоми комилан шикаст хӯрда барои муқобила бо гуруснагии рӯзафзуни сокинони Ғазза донист.

Мушовири расонаии Унрва, режими саҳюнистиро ба баҳрабардорӣ аз муассисаи мавсум ба Ғазза муттаҳам кард ва ҳадаф аз онро кашондани сокинон ба ҷануби Ғазза ба унвони муқаддимае барои рондани онҳо донист ва ба шиддат бо он мухолифат кард.

Ин ниҳоди Созмони Милал қабл аз ин низ бо ишора ба идомаи таҷовузҳо дар навори Ғазза, дар хусуси вазъияти вахими беҳдоштӣ ношӣ аз набуди оби ошомиданӣ ва беҳдоштӣ ва паёмадҳои гармо дар ин минтақа ҳушдор дода буд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha