Ба гузориши хабаргузории Аҳлулбайт(а) – Абно – Роҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз дар дидори раис ва масъулони олии Қувваи қазоия ва раисони додгостариҳои саросари кишвар, зимни таҳлили кори бузурги миллати Эрон дар ҷанги таҳмилии ахир ва нақш бар об шудани муҳосибот ва нақшаҳои мутаҷовизон, ба иттиҳоди азими миллати Эрон бо ҳама ихтилофи сароиқҳои сиёсӣ ва тафовути вазни мазҳабӣ барои дифоъ аз Эрони азиз ишора ва таъкид карданд: "Вазифаи ҳама ҳифзи ин иттиҳоди миллӣ аст."
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтанд: "Кори бузурги мардум дар ҷанги 12-рӯза аз ҷинси азм, ирода ва эътимод ба нафси миллӣ буд, зеро нафси вуҷуди рӯҳия ва омодагии муқобила бо қудрате ҳамчун Амрико ва саги занҷирии он режими саҳюнистӣ, бисёр арзишманд аст."
Ишон бо ишора ба хотироти мунташиршуда аз омилони режими Паҳлавӣ, ки ҳатто дар хуфё ва ҷаласоти хусусӣ низ ҷуръати эътироз ба Амрикоро надоштанд, хотирнишон карданд: "Эрон аз он давра, ба ҷое расидааст, ки на танҳо аз Амрико наметарсад, балки онро метарсонад ва ин рӯҳия ва иродаи миллӣ ҳамон чизест, ки Эронро сарбаланд мекунад ва ба орзуҳои бузурги худ мерасонад."
Роҳбари инқилоб бо таъкид бар ин ки ҳам дӯстон ва ҳам душманон бидонанд миллати Эрон дар ҳеҷ майдоне ба сурати тарафи заиф ҳозир нахоҳад шуд, афзуданд: "Мо аз ҳама абзорҳои лозим ҳамчун мантиқ ва нерӯи низомӣ бархурдорем, бинобар ин чӣ дар майдони дипломатия ва чӣ дар майдони низомӣ, ҳар гоҳ ворид шавем ба тавфиқи илоҳӣ бо дасти пур ворид хоҳем шуд."
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: "Бо вуҷуди он ки режими саҳюнистиро саратон ва Амрикоро ба хотири пуштибонӣ аз он, ҷинояткор медонем, вале мо ба истиқбол ва пешвози ҷанг нарафтем, агарчи ҳар гоҳ душман ҳамла кард, посухи мо кӯбанда ва муҳкам буд."
Ишон далели возеҳ бар посухи қавӣ ва муҳками Эрон ба режими саҳюнистиро ночории он аз тавассул ба Амрико хонданд ва гуфтанд: "Агар режими саҳюнистӣ хам намешуд ва ба замин намечаспид ва қодир ба дифоъ аз худ буд, ин гуна ба Амрико мутавассил намешуд, аммо фаҳмид, ки аз ӯҳдаи Ҷумҳурии Исломӣ барнамеояд."
Роҳбари инқилоб, зарбаи мутақобили Эрон ба ҳамлаи Амрикоро низ зарбае бисёр ҳассос хонданд ва афзуданд: "Маркази мавриди таҳоҷуми Эрон маркази фавқулодда ҳассоси Амрико дар минтақа буд ва ҳар гоҳ сансурҳои хабарӣ бартараф шавад, мушаххас хоҳад шуд, ки Эрон чӣ зарбаи бузурге ворид кардааст. Албатта зарбае аз ин бузургтар ҳам метавон ба Амрико ва дигарон ворид кард."
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ барузи амри миллӣ дар ҷанги ахирро бисёр муҳим ва мониъи таҳаққуқи нақшаи душман донистанд ва афзуданд: "Муҳосиба ва нақшаи мутаҷовизон ин буд, ки бо ҳамла ба бархе шахсиятҳо ва марокизи ҳассоси Эрон, низом заиф хоҳад шуд ва он гоҳ бо ба майдон овардани ҳастаҳои хуфтаи муздурони худ аз мунофиқ ва салтанатталаб то арозлу обош, метавонанд бо таҳрики мардум ва ба хиёбон кашидани онҳо, кори низомро тамом кунанд."
Роҳбари инқилоби исломӣ хотирнишон карданд: "Дар амал дақиқан бар акси тарроҳии душман иттифоқ афтод ва маълум шуд бисёре аз муҳосиботи бархе афрод дар заминаҳои сиёсӣ ва амсоли он низ саҳеҳ нест."
Ишон бо ишора ба ошкор шудани чеҳра, нақша ва аҳдофи пинҳони душмани мутаҷовиз барои оҳоди мардум, гуфтанд: "Худованд нақшаи онҳоро ботил ва мардумро ба пуштибонӣ аз давлат ва низом вориди майдон кард ва мардум низ бар хилофи тасаввури душман ба ҳимоят ва пуштибонии ҷонӣ ва молӣ аз низом бархостанд."
Роҳбари инқилоб сухан гуфтан ва канори ҳам истодани афроде бо вазни мазҳабӣ комилан мутафовит ва ҷиҳатгириҳои сиёсии гуногун ва ҳатто мутазоддро боиси эҷоди иттиҳоди азими миллӣ хонданд ва бо таъкид бар зарурати ҳифзи ин ваҳдати бузург, гуфтанд: "Ҳамагон эъам аз рӯзноманигор, қозӣ, масъули давлатӣ, руҳонӣ ва имомҷумъа муваззаф ба сиёнат ва ҳифозат аз иттиҳоди миллӣ ҳастанд."
Ишон вуҷуди ихтилофи салиқаи сиёсӣ ва вазни мутафовити мазҳабиро мунофии канори ҳам истодан барои дифоъ аз ҳақиқате муштарак ба номи дифоъ аз Эрони азиз ва низоми исломӣ надонистанд ва дар баёни илзомоти ҳифзи иттиҳоди миллӣ гуфтанд: "Табйин ва рафъи муғолатот лозим аст, аммо ба миён кашидани иродаҳои ғайри лозим ва баҳс дар бораи онҳо ва ҷанҷол бар рӯи масоили кӯчак музирир аст ва ҳатто ибтали муғолата бояд ба беҳтарин шакл анҷом шавад, ки мушкиле барои кишвар эҷод нашавад."
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, изҳори вафодорӣ ба низом ва таъйид ва ҳимоят аз сиёсатҳои куллиро зарурӣ ва муфид хонданд ва афзуданд: "Аммо набояд ихтилофназарҳои мавҷуд ва ин ҷиноҳ ва он ҷиноҳ карданро, ки коре музирир аст, ғализ кард."
Ишон ҳамчунин шӯр ва ҳиҷони умумии мардум ба хусус ҷавононро амре лозим ва хуб хонданд ва гуфтанд: "Аммо бесабрӣ ва по ба замин кӯбидан ва эътироз ба ин ки чаро фалон кор анҷом нашуд, музирир аст."
Роҳбари инқилоб дар баёни охирин тавсия, бо таъкид бар истимрори фаъолияти дастгоҳҳои масъули низомӣ ва дипломасӣ бо қувват ва бо ҷиҳатгирии дуруст, гуфтанд: "Албатта ба ҷиҳатгириҳо бояд таваҷҷуҳ кунанд, зеро ба хусус дар арсаи дипломасия, ҷиҳатгирӣ бисёр муҳим аст ва бояд бо муроқибат ва диққат, кор шавад."
Ишон бо ишора ба имкони эътирози як нафар ба як масъул дар қазияе низомӣ ё дипломасӣ, афзуданд: "Намегӯем эътирози худро матраҳ накунанд, аммо эътироз ва интиқод бояд бо лаҳни қобили қабул ва пас аз таҳқиқ ва иттилоъёбӣ анҷом шавад, зеро гоҳе бархе изҳорот ва эътирозҳое, ки дар расонаҳо мунъакис мешавад, ношӣ аз беиттилоӣ аст."
Your Comment