Ба гузориши хабаргузории Аҳлулбайт (а) – Абно – бригадаҳои Ал-Қассом эълом карданд: "Нерӯҳои муқовимат бо 2 мушаки баллистикӣ мавзеъҳои душмани саҳюниро дар Навори Ғазза ҳадаф қарор доданд."
Ин ҳамла бо ду мушаки «Алясин 105» дар шимоли Хон Юнус, дар ҷануби Навори Ғазза сурат гирифт.
Дар ин ҳамла як нафарбари зиреҳии исроилӣ «Намер» дар наздикии масҷиди Ал-Катиба дар минтақаи Ал-Сатри ғарбӣ мавриди асиби мушак қарор гирифт.
Гурӯҳҳои муқовимат дар Ғазза нерӯҳои ишғолгари исроилӣ ва корвонҳои лоҷистикии онҳоро дар ҷабҳаҳои мухталиф ҳадаф қарор медиҳанд.
Рӯзи гузашта Сароё ал-Қудс, шохаи низомии ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин бо судури баёнияе, ҷузъиёти чанд амалиёти муваффақи муштарак бо ҳамразмони худ дар бригадаҳои Ал-Қассоми Ҳамос алайҳи аҳдофи низомии режими саҳюнистӣ дар шарқи Ғаззаро ташреҳ кард.
Your Comment