16 Июл 2025 - 13:40
Source: ABNA
Оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи шикастнопазири уммати исломӣ ва қаҳрамони исломӣ ҳастанд

Узви Комиссияи миллии ақаллиятҳои динии Покистон гуфт: Ҷаҳони ислом раҳбарии Оятуллоҳ Хоманаиро на танҳо барои Эрон, балки барои кулли уммати исломӣ ба расмият шинохта ва суханрониҳо ва баёноти эшон ба забонҳои мухталиф тарҷума шуда ва насли ҷавони мусалмон, эшонро ба унвони як «қаҳрамони исломӣ» пазируфтаанд.

Ба гузориши хабаргузории Аҳлулбайт (а) – Абно – Муфтӣ Гулзор Аҳмад Наимӣ, узви Комиссияи миллии ақаллиятҳои динии Покистон ва раиси Ҷамоати Аҳлулҳарам ва мудири Мадрасаи Наимӣ Исломобод гуфт: Раҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ яке аз бузургтарин раҳбарони уммати исломӣ дар даврони муосир ҳастанд. Дар ҳоли ҳозир, ҳеҷ раҳбаре дар уммати исломӣ ба ҷасорат, шаҷоат ва суботи қадами эшон намерасад. Эшон нақши бебадале дар ҳифз, дифоъ ва истиқомати уммати мусалмон ифо кардаанд. Ҳамчунин дар мавзӯи озодии Фаластин низ нақши муассир, пурранг ва таърихӣ доштаанд.

Вай афзуд: Эшон танҳо як раҳбари назарӣ нестанд, балки ба унвони раҳбари муқовамат ва амалгаро дар сатҳи ҷаҳон шинохта мешаванд. Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ нақши калидӣ дар ваҳдати уммат ва бедории исломӣ ифо кардаанд ва ҳамеша бар лузуми иттиҳоди мусалмонон таъкид доштаанд. Эшон ихтилофоти шиа ва сунниро тавтиаи душманони ислом медонанд ва дар суханрониҳои худ борҳо уммати исломро ба иттиҳод ва инсиҷом дар баробари саҳюнизм, Амрико ва Аврупо даъват кардаанд.

Муфтии аҳли суннати Покистон идома дод: Раҳбари муаззам, сарзамини Фаластинро қалби уммати исломӣ медонанд ва масъалаи Фаластинро масъалаи меҳварии мусалмонон муаррифӣ мекунанд. Эшон ҳарсола мусалмонони ҷаҳонро ба баргузории рӯзи ҷаҳонии Қудс фаро мехонанд.

Наимӣ бо баёни ин ки мавзеъҳои Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар қиболи режими саҳюнистӣ ҳамеша шаҷоатона ва сареҳ будааст, афзуд: Эшон режими саҳюнистиро ғуддаи саратонӣ дар пайкари уммати ислом медонанд, ки ба зудӣ решакан хоҳад шуд. Бархилофи бархе кишварҳои исломӣ ва қудратҳои ғарбӣ, ки ба роҳҳалли ду давлатӣ барои Фаластин бовар доранд, Раҳбари инқилоб ҳамеша ин роҳҳалро мардуд дониста ва таъкид доранд, ки Фаластин аз наҳр то баҳр мутааллиқ ба мардуми Фаластин аст. Дар даврони раҳбарии эшон, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳимояти ҳамаҷониба аз гурӯҳҳои муқовамат назири Ҳамос, Ҳизбуллоҳ, Ҷиҳоди исломӣ ва Ансоруллоҳи Яман, ҷабҳае пуркувват алайҳи саҳюнизм ташкил дод. Ин ҷабҳа, Исроилро аз дарун тазъиф кардааст.

Ба гуфтаи Муфтӣ Наимӣ, ҷанги дувоздаҳрӯза дар июни 2025, ки бо шикасти сахти Исроил ҳамроҳ буд, ҳосили ҳидоят ва фармондеҳии камназири Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ аст. Эшон бо раҳбарии мустаҳкам ва итминохшбахши худ, на танҳо артишро мудирият карданд балки ваҳдат ва оромиши миллиро низ ҳифз намуданд. Ин пирӯзӣ, гувоҳи равшане бар азамати раҳбарии эшон аст.

Муфтии барҷастаи Покистон гуфт: Дар ҳоле ки бештари кишварҳои исломӣ дар баробари Амрико сари таъзим фуруд овардаанд ва аз «тавофуқи Иброҳим» ҳимоят мекунанд, танҳо Оятуллоҳ Хоманаӣ аст, ки бо сароҳат дар баробари Исроил истода ва одисозии равобитро «хиёнати бузург» медонанд. Эшон аз гурӯҳҳои муқовамати Фаластин ҳимоят мекунанд ва шаҳидони онҳоро «шуҳадои ислом» меноманд.

Имрӯз, ҷаҳони ислом раҳбарии эшонро на танҳо барои Эрон, балки барои кулли уммати исломӣ ба расмият шинохтааст. Суханрониҳо ва баёноти эшон ба забонҳои мухталиф тарҷума шуда ва насли ҷавони мусалмон, эшонро ба унвони як «қаҳрамони исломӣ» пазируфтаанд.

Вай баён кард: Эшон вориси маънавии инқилоби исломӣ ҳастанд ва аз мазлумон дар саросари ҷаҳони ислом, аз ҷумла Фаластин, Кашмир ва Яман ҳимоят мекунанд.

Муфтӣ Гулзор Наимӣ таъкид кард: Имрӯз тарҳи террори Раҳбари муаззам низ ба ҳамин далел дар дастури кори душманон қарор гирифтааст, чаро ки эшон сади мустаҳкаме дар баробари лоиҳаи истиъмории Амрико ва Исроил ҳастанд. Ҳамла ба эшон, танҳо ҳамла ба Эрон нест, балки ҳамла ба Фаластин, Ғазза ва кулли уммати исломӣ аст.

Дар поён, Муфтӣ Наимӣ гуфт: Ҳимоят аз Раҳбари муаззам, ҳимоят аз Фаластин аст. Сукут дар баробари таҳдидоти Исроил, айни хиёнат аст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha