10 Июл 2025 - 13:13
Source: ABNA
Ҳалокати як низомии саҳюнисти дигар аз сӯи нерӯҳои муқовимат дар шарқи Ғазза

Дар идомаи набарди Тӯфони Ақсо, гардонҳои «Ал-Қудс», шохаи низомии ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ аз ҳалокати яке аз низомиёни саҳюнист дар шарқи Ғазза хабар дод.

Ба гузориши Хабаргузории байналмилалии Аҳлибайт (а) ـ Абно ـ гардонҳои «Ал-Қудс», шохаи низомии ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ бо судури баёнияе эълом кард: Тирандозони мо як низомии исроилиро дар кӯҳи «Ас-Суронӣ» воқеъ дар минтақаи Ат-Туффоҳ дар шарқи Ғазза аз пой дароварданд.

Бар асоси гузориши шабакаи хабарии Ал-Ҷазира, пеш аз ин низ гардонҳои Ал-Қудс видеое аз ҳадаф қарор додани маҳалли таҷаммӯи сарбозон ва худравҳои низомии режими саҳюнистӣ дар шаҳри Хон-Юнис мунташир кард.

Гурӯҳҳои муқовимати Фаластин борҳо таъкид кардаанд, ки дар баробари таҷовузоти режими саҳюнистӣ сукут нахоҳанд кард ва ба дифоъ аз сарзамин ва мардуми худ идома хоҳанд дод.

Муқовимати Фаластин дар навори Ғазза ҳамчунон ва пас аз 21 моҳ набард, бо нуфуз ва юришҳои мукаррар бо ҳамлаҳои артиши режими ишғолгар муқобила мекунад ва бо иҷрои каминҳо ва амалиётҳои таҳоҷумӣ, талфоте сангин ба душман ворид меоварад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha