7 Июл 2025 - 23:20
Source: Parstoday
Моди дар паёми ошӯроӣ: Имом Ҳусайн (а) илҳомбахши инсонҳо дар дифоъ аз ҳақиқат буд

Норандро Моди, нахуствазири Ҳинд дар паёме ба муносибати рӯзи Ошӯро ва шаҳодати имом Ҳусайн (а), навишт: Фидокории имом Ҳусайн (а) илҳомбахши инсонҳо дар дифоъ аз ҳақиқат буд.

Ба гузориши Порс-Тудей. Норандро Моди, нахуствазири Ҳинд, ҳамзамон бо рӯзи Ошӯро, ёди фидокориҳои ҳазрати имом Ҳусайн (а)-ро гиромӣ дошт.

Вай дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт: Имом Ҳусайн (а) бо истодагӣ дар масири дуруст, илҳомбахши инсонҳо дар дифоъ аз ҳақиқат баробари душвориҳо буд.

Мусулмонони Ҳинд бо ҷамъияте ҳудуди 200 миллион нафар, пас аз Индонезия ва Покистон, сеюмин ҷамъияти бузурги мусулмон дар ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва ҳудуди 14 дарсад аз ҷамъияти кулли Ҳиндро шомил мешаванд. Онҳо дар саросари ин кишвар пароканда ҳастанд, аммо дар иёлатҳое чун Уттар-Прадеш, Биҳор, Банголи Ғарбӣ, Ассаму Кашмир тамаркузи бештаре доранд.

Мусулмонон нақши муҳиме дар таърих, фарҳанг, сиёсат ва иқтисоди Ҳинд ифо кардаанд ва ҳузурашон яке аз аносири калидии танаввуи мазҳабии ин кишвар ба шумор меравад. Аз ин ҷамъият, ҳудуди 10 то 15 дарсадро шиаён ташкил медиҳанд, ки гарчӣ дар ақаллият ҳастанд, аммо аз назари фарҳангӣ ва мазҳабӣ фаъоланд ва дар шаҳрҳое монанди Лакҳнау, Ҳайдаробод, Кашмир ва Бомбей иҷтимооти пурранге доранд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha