Расонаҳои исроилӣ ба тозагӣ эълом карданд, ки дар ҷанги 12 рӯза миёни Эрон ва режими саҳюнистӣ беш аз 150 сохтмон дар шаҳрҳои Ҳайфа, Ромотгон ва навоҳии шимолии сарзаминҳои ишғолӣ ба таври комил ғайриқобили сукунат шудаанд ва ниёз ба тахриб доранд. Ба гузориши Порс-Тудей, бино бар эъломи ин расонаҳо, ки оморҳояшон бояд аз филтери Идораи сензураи Исроил муҷаввиз дарёфт кунанд, беш аз 18 ҳазор исроилӣ бехонумон шудаанд.
Беш аз 41 ҳазор дархости хисорат ҳам ба ниҳодҳои бимаву созмонҳои ҳимоятии режими саҳюнистӣ ироа шудааст, ки нишон аз густардагии хисороти воридшуда ба амлоку дороиҳо дорад.
Аз ин рӯ, кабинаи Исроил маҷбур ба тамдиди иқомати ройгони оворагон дар ҳотелҳову марокизи искони муваққат шуда, ки рӯзона ҳазинаҳои молии ҳангуфте ба бор меоварад.
Баровардҳои аввалияи хисороти иқтисодӣ, низомӣ ва зерсохтии ин ҷанг дар режими саҳюнистӣ аз ёздаҳ миллиард доллар фаротар рафта ва бозсозии он солҳо ба тӯл хоҳад анҷомид.
Яке аз сокинони саҳюнист гуфтааст: Муддати замоне, ки метавонем дар ҳотелҳо бимонем то нимаи ин моҳ аст ва бояд ба суръат хонае пайдо кунем. Ҳеҷ кас кумаке намекунад то мақсадатро пайдо кунӣ. Як моҳ пеш қиматҳо 4 ҳазор шекел буд ва ҳоло ба 7500 расидааст. Инки бихоҳам дар хиёбонҳо ба сар бибарам, бузургтарин тарси ман аст.
Your Comment