Бо вуруди ҷанги наслкушии режими саҳюнистӣ алайҳи борикаи Ғазза ба моҳи бистуякум, нишонаҳои шикасти комили амалиёти низомии мавсум ба «Аробаҳои Гадъун» беш аз пеш намоён шудааст.
Ба гузориши Порс-Тудей, амалиёти «Аробаҳои Гадъун», ки Тел-Авив онро сарнавиштсоз муаррифӣ карда буд, аммо натиҷаи он на таҳаққуқи аҳдоф, балки фурӯ рафтани бештар дар ботлоқи сиёсӣ, низомӣ ва инсонӣ будааст. Кабинаи амниятии режими саҳюнистӣ дар ибтидои моҳи май тарҳи амалиёти «Аробаҳои Гадъун»-ро бо иддаои дастёбӣ ба пирӯзии низомиву сиёсӣ дар Ғазза ва дар амал бо ҳадафи идомаи наслкушӣ ва ваҳшигарии худ алайҳи шаҳрвандони фаластинӣ тасвиб кард.
Нокомии низомӣ ва сархӯрдагии артиш
Ноҳум Барниёъ, таҳлилгари барҷастаи рӯзномаи ибризабони “Едиот Аҳронот” дар таҳлиле навиштааст, ки амалиёти Ғазза бо шикасте сангин поён ёфтаву артиш гарчӣ инро ошкоро намепазирад, аммо дучори сархӯрдагии амиқе шудааст. Ӯ решаи тасмим ба иҷрои ин амалиётро комилан сиёсӣ донист ва Бенёмин Натанёҳуро масъули аслии тӯлонӣ шудани ҷанг муаррифӣ кардааст.
Дар ҳамин росто, Омус Ҳариэл, таҳлилгари низомии рӯзномаи “Ҳааретс” таъкид мекунад, ки Натанёҳу барои ҳифзи бақои сиёсии худ ҷангро ба шакле маснӯӣ идома медиҳад; иқдоме, ки ба гуфтаи ӯ на танҳо ранҷи усаро ва хонаводаҳояшонро афзоиш дода, балки ҷомеаи саҳюнистиро низ вориди буҳрон кардааст.
Бар асоси назарсанҷиҳо, беш аз 60 дарсад аз исроилиҳо хоҳони поёни ҷанг ва таҳаққуқи табодули усаро ҳастанд, ҳатто агар ҳазинаи сангине дошта бошад.
Вайронии Ғазза ва таваллуди муҷаддади муқовимат
Рӯзномаи “Ҳааретс” ҳам навишт: «Ғазза имрӯз ба хоке ҳосилхез барои зойиши ашколи навине аз муқовимат бадал шудааст; на лузуман Ҳамос ё Ҷиҳоди исломӣ, балки гуруҳҳои маҳаллӣ, чирикӣ ва чобук, ки бо истифода аз силоҳҳои сабуку бомбаҳои дастисоз, таҳдиде доимӣ барои ишғолгарон хоҳанд буд».
Ин сенария ёдовари таҷрибаҳои талхи ишғоли низомии Амрико дар Ироқу Афғонистон ва низ шикасти Исроил дар ҷануби Лубнон дар соли 2000 –ум аст. Ҷое ки муқовимати мардумӣ ниҳоятан артишро ба ақибнишинӣ водошт.
Дархости артиш барои поёни ҷанг
Рӯзномаи “Ҷерусалим Пост” низ ба нақл аз манобеи амниятии исроилӣ гузориш дод, ки артиш хостори поёни ҷанг тайи ду ё се ҳафтаи оянда шудааст, чаро ки идомаи даргириҳо ҳамзамон бо таҳдидоти физоянда аз сӯи Лубнону Эрон, тавони амалиётии артишро фарсуда кардаву муҷиби бесуботии ҷабҳаи дохилӣ шудааст.
Режими ишғолгар дар бизангоҳи фурӯпошӣ
Акнун режими саҳюнистӣ худро дар тангное бесобиқа ёфтааст; аз назари низомӣ: нотавонӣ аз нобудии муқовимат ё таҳкими амнияти дохилӣ. Аз назари инсонӣ: фоҷиае тамомайёр бо даҳҳо ҳазор шаҳиду маҷрӯҳ ва садҳо ҳазор бехонумон. Аз назари сиёсӣ: заволи машруияти давлати Натанёҳу ва густариши шикофҳои дохилӣ. Аз назари майдонӣ: табдили Ғазза ба конуне инфиҷорӣ барои рушди муқовимати доим бо равишҳое тоза.
Маҷмӯаи ин авомил гувоҳе аст бар шикасти роҳбурдии режими саҳюнистӣ дар амалиёти «Аробаҳои Гадъун»; амалиёте, ки қарор буд пирӯзӣ биоварад, аммо овораш бар сари Тел-авив фурӯ рехт.
Your Comment