7 Июл 2025 - 23:21
Source: Parstoday
Опортойди ҳастаии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ: Сукут дар қиболи Димона, фишор бар Эрон

Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бо меъёрҳои дугонаи худ на танҳо ҳофизи амнияти байналмилал нест, балки омиле барои иҷрои низоми нажодпарастонаи опортойди ҳастаӣ аст.

Таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Ҷумҳурии исломии Эрон, ки бо ҳамоҳангии комилу мушорикати мустақими давлати Амрико истимрор пайдо кард, билофосила муноқишае байналмилалӣ дар хусуси манъи густариши ҳастаӣ ва нақши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар идомаи ин раванд эҷод кард.

Ин ҷанг нишон дод, ки нақши асосномаи манъи густариши ҳастаӣ, такмили раванди султаи Ғарбу империализм бар ҷаҳон ва ба заъф кашондани кишварҳои дигар ва эҷоди инҳисор барои дар ихтиёри доштани улуму фанновариҳои ҳастаӣ дар дасти империализми Ғарб аст.

Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз хабаргузории “Меҳр”, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва Шӯрои ҳуккоми он, пеш аз ҷанги 12 рӯза бо судури баёнияе муддаӣ шуд, ки Теҳрон ба тааҳҳудоти худ дар худдорӣ аз ғанисозии ураниум ва осонсозӣ дар раванди бозрасиҳои бозрасони ожонс амал накардааст. Чанд соат баъд аз ин қатънома буд, ки режими саҳюнистӣ, ки танҳо режими дорои силоҳи ҳастаӣ дар минтақа ба шумор меравад ва Муоҳидаи манъи густариши ҳастаӣ (Эн Пи Ти)-ро низ ба имзо нарасондааст, таҷовузи худ ба таъсисоти ҳастаии Эронро, ки яке аъзои ожонс ба шумор меравад, оғоз кард.

Ин мавзуъ нақши ожонс дар тавҷеҳи таҷовузи режими саҳюнистӣ ва машруъ ҷилва додани инҳисори таслеҳоти ҳастаӣ ва таҳдиди давлатҳои ҷаҳонро нишон медиҳад. Танҳо вокуниши Рафаэл Груси ба таҷовузи режими саҳюнистӣ ба ғайринизомиёни эронӣ ва таъсисоти ҳастаии ин кишвар, ин буд, ки “ибрози нигаронии амиқ”-и худро эълом кард.

Дейлан Иванс, нависандаи ирландӣ дар ин хусус эълом кард, ки Ожонси байналмилалии энержии атомиро наметавон як муассисаи бетараф ба шумор овард, балки ин ожонс комилан ҷонибдорона таҳти таъсири қудратҳои ғарбӣ, ба вижа Амрико амал мекунад, ки нуфузи дипломатии густардае бар тасмимоти он дорад. Ожонс ба шиддат душмани Эрон асту ғолибан ривоятҳои амниятии Ғарбу Исроилу Амрико дар қиболи Барномаи ҳастаии Эронро такрор мекунад. Ин панҷумин мусаввабаи Ожонси байналмилалии энержии атомӣ тайи 5 соли гузашта зидди Эрон будааст.

Иванс дар идома ба муқоисаи рафтори ожонс бо Эрон ва Исроил пардохтаву менависад, ки тайи ду даҳаи гузашта Ожонси энержии атомӣ ҳеҷ қатъномае дар хусуси барномаи атомии Исроил содир накардааст, он ҳам дар шароите, ки режими саҳюнистӣ Муоҳидаи манъи густариши ҳастаиро имзо накардаву таъсисоти он назири Димона зери назари ожонс қарор надорад ва фаъолиятҳои он хориҷ аз чорчӯби тазминҳову назорати ожонс дунбол мешавад.

Дар соли 2018 режими саҳюнистӣ муддаӣ шуд, ки маҷмӯае аз иттилоот дар хусуси архиви ҳастаии Эронро ба Ожонси байналмилалии энержии атомӣ додааст, ки ин иттифоқ боиси густариши бозрасиҳову тарҳи тардидҳои ҷадид дар хусуси фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии Эрон шуд.

Ожонси байналмилалии атомӣ ин далелҳоро аз сӯи режими саҳюнистӣ ба унвони тарафи ғайриузв дар муоҳидаи НПТ, ки худаш силоҳи атомӣ дар ихтиёр дорад, пазируфту иддаои бетарафии худро комилан нақз кард.

Дар телеграфҳое, ки сайти “Викиликс” дар соли 2010 мунташир кард, Юкия Амано, мудири кулли пешини Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ки аз соли 2009 то 2019 ин симатро дар ихтиёр ва иртиботи мустаҳкаме бо Амрико зидди Барномаи ҳастаии Эрон дошт, яке аз иттилооти ҳассоси ожонс аз марокизи муҳиму ҳассоси Эронро бо миёнҷигарии сервисҳои ҷосусии Ғарб дар ихтиёри Созмони ҷосусии Амрико ва режими саҳюнистӣ қарор додааст.

Бар асоси ин гузориш, Эрон ҳатто бидуни вуҷуди далели муътамаде, мабнӣ бар хатарнок будани фаъолиятҳои ҳастаияш, дар маърази таҳримҳои байналмилалӣ қарор гирифтаву мутолиботи зиёде аз ин кишвар матраҳ шудааст, дар ҳоле ки ҳеҷ фишори байналмилалӣ ё қатъномаи ҷаҳонӣ зидди режими саҳюнистӣ содир нашудааст то онро ба узвият дар муоҳидаи НПТ ва бозрасӣ аз таъсисоти атомии он маҷбур кунад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha