15 Июн 2025 - 13:31
Source: Parstoday
Ҷузъиёти ҷадид аз охирин ҳамлаи мушакии Эрон ба сарзаминҳои ишғолшуда аз сӯи саҳюнистҳо

Як манбаи огоҳ ҷузъиёти ҷадид аз охирин ҳамлаи мушакии Эрон ба Тел Авивро матраҳ кард.

Ба гузориши Порс Тудей, як манбаи огоҳ дар гуфтугу бо хабаргузории Форс, гуфт: Мӯшакҳое, ки дар серрии ҷадиди ҳамалот ба Тел Авив мавриди истифода қарор гирифтанд ба сарҷангии шадидулинфиҷор муҷаҳҳаз шуданд.

Ин манбаи огоҳ афзуд: Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар даври ҷадиди посух ба режими саҳюнистӣ аз мӯшаки боллистики тактикӣ ва ҳидоятпазири сӯхти ҷомиди Ҳоҷ Қосим истифода кард.

Гуфтанист, равобити умумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ перомуни мавҷи ҷадиди амалиёти таҳоҷумии таркибии анбӯҳи мушакии паҳподии “Ваъдаи содиқи 3” эълом кард: Амалиёти таҳоҷумии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломӣ дар сӯрати тадовуми шароратҳо ва тааррузот, саҳмгинтар ва густардатар идома хоҳад дошт.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha