5 Июн 2025 - 20:42
Source: Parstoday
Тиҷорати ҷанг дар ҷаҳон | Аз интиқоли 90 ҳазор тон аслиҳаи амрикоӣ ба Исроил то фурӯши тонки Абрамс ба Тайван

Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ эълом кард, ки бо вуруди ҳаштсадумин ҳавопаймои ҳомили силоҳҳои амрикоӣ, аз ҳафтуми октябри соли 2013 то кунун дар маҷмуъ беш аз 90 ҳазор тон силоҳ аз Амрико вориди сарзаминҳои ишғолии Фаластин шудааст.

Ба гузориши Порс-Тудей”, Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ ба тозагӣ дар баёнияе эълом кард, ин силоҳҳои амрикоӣ аз замони оғози ҷанг алайҳи борикаи Ғазза дар 7 октябри 2023 тавассути 940 фарванд ҳавопаймо ва киштӣ вориди сарзаминҳои ишғолии Фаластин шудааст. Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ афзуд, дар чорчӯби як амалиёти интиқоли густарда ҳаштсадумин ҳавопаймо ҳафтаи гузашта ба унвони бахше аз пули ҳавоӣ ва дарёии Амрико, ки билофосила пас аз шурӯи ҷанги Ғазза оғоз шуд, дар Исроил фурӯд омад. Баёнияи вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ изофа кард, ки дар ин муддат беш аз 90 ҳазор тон таҷҳизоти низомии амрикоӣ аз тариқи 800 парвоз ва ҳудуди 140 фарванд киштӣ ба Исроил мунтақил шудааст.

Фурӯши тонки Абрамс ба Тайван

Тайван аввалин маҳмӯла аз тонкҳои пешрафтаи амрикоии M1A2T Абрамсро ахиран дарёфт кардааст. Ин маҳмӯла шомили 38 тонк аст, ки дар таърихи 15 декабри 2024 вориди Тайван шуданд ва ба як пойгоҳи омӯзишӣ дар шаҳристони Ҳсинчу мунтақил шуданд. Қарордоди хариди ин тонкҳо дар соли 2019 миёни Тайван ва Амрико ба арзиши 2. 2 миллиард доллар имзо шуд ва шомили маҷмуан 108 тонк мешавад.

Афзоиши тавлиди бомбаҳои ҳидоятшавандаи Ҳомер

Давлати Фаронса эълом кард, қасд дорад тавлиди бомбаҳои ҳидоятшавандаи Ҳомерро аз 830 тир дар сол ба 1200 тир дар соли ҷории мелодӣ бирасонад. Ин бомбаҳо тавассути ҷангандаҳои украинӣ дар ҷанг истифода шуда ва ҳатто аз бомбаҳои ҶДАМ-и амрикоӣ низ короии муносибтаре дорад.

Ҷузъиёти ҷадиде аз сомонаи падофанди ҳавоии Англия

Англия ҷузъиёти ҷадиде аз сомонаи падофанди ҳавоӣ, ки мубтанӣ бар мушаки тасвирсози ҳароратии ASRUM-ро мунташир кард. Ин сомона дар арзи 4 моҳ такмил шуда ва ба Украина таҳвил дода шудааст. Бар асоси додаи англисиҳо, ин сомона аз он замон 400 мушак ба тарафи аҳдофи мухталиф шиллик карда, ки 70 дарсади он муваффақ будааст.

Афзоиши тавлиди муҳиммоти тӯпхона аз сӯи Русия

“Ройтерс” менависад, ки Русия тасмим дорад то тавлиди солонаи муҳиммоти тӯпхонаии худро 1. 2 то 1. 6 миллион гулӯла дар сол афзоиш диҳад. Гуфта мешавад, хутути тавлиди муҳиммоти Русия то соли 2026 метавонад зарфияти муҳимотсозии ин кишварро ба ҷое бирасонад, ки амалан аз тавлиди муҳиммоти яксолаи кулли Аврупо бештар бошад.

Таслеҳоти харидоришудаи Дания алайҳи Русия

Дания дар соли 2025 бо истифода аз дороиҳои масдудшудаи Русия, силоҳу муҳиммоте ба арзиши ҳудуди 830 миллион евро (934 миллион доллар) аз саноеи дифоии Украина харидорӣ хоҳад кард, ки тавассути худи украиниҳо алайҳи Русия истифода хоҳанд шуд.

Ҳоланд тонки Леопард мехарад

Ҳоланд барои ташкили як гурдон тонки мустақил, 46 дастгоҳ тонки Леопард 2A8 аз Олмон супориш додааст. Ин харид дар посух ба дархости НАТО ва барои тақвияти тавони дифоии заминӣ, ба вижа дар баробари таҳдидоти эҳтимолии Русия анҷом шудааст. Таҳвили тонкҳо байни солҳои 2027 то 2030 барномарезӣ шудааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha