ABNA24 : Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори ҷонбохтагони Ковид - 19 низ то соати 19 рӯзи ҷумъаи аввали январи соли 2021 бидуни афзоиш ҳамон 90 нафари қабл аст.
Аз 13 ҳазору 296 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 12 ҳазору 894 нафар беҳбуд ёфтаанд.
- Шиносоии 31 бемори ҷадиди коронаӣ дар Тоҷикистон
Дар шабонарӯзи гузашта 95 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.
Сабт нашудани ҳеч мавриди ҷадиди Ковид - 19 дар 24 соати ахир дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар моҳҳои ахир ҳар рӯз ҳудуди 30 бемори ҷадид шиносоӣ мешуд.
342/