27 Декабр 2020 - 14:43
Амир Абдуллоҳиён: Интиқоми шаҳид Сулаймонӣ дар дастури кори ҷиддии Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад

Сухангӯи ситоди мардумӣ гиромидошти солгарди шаҳодати сардор Сулаймонӣ бо таъкид бар пайгирии қазоии омилон ва омирони террори сардори шаҳид Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ гуфт: Интиқоми шаҳид Сулаймонӣ дар дастури кори ҷиддии Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад.

ABNA24 : Ба гузориши ИРНА, «Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён», сухангӯи ситоди мардумӣ гиромидошти солгарди шаҳодати сардор Сулаймонӣ рӯзи якшанбе дар нишасти хабарӣ дар хусуси иқдомоти қазоӣ ва ҳуқуқӣ барои муқобила бо омилону омирони террори сардор Сулаймонӣ гуфт: токнун ба 6 кишвар ниёбати қазоӣ дода шуда ва қувваи қазоияи Эрон бо ҷиддият парвандаи террори сардор Сулаймониро дунбол мекунад.

Амир Абдуллоҳиён бо баёни ин ки теъдоди муттаҳамини аслии омиру омили амрикоӣ аз 45 ба 48 тан афзоиш пайдо кардааст афзуд: Мавзӯи интиқоми сахт дар дастури кори ҷиддии Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад ва дар замони худ ба шеваи муносиби худ анҷом хоҳад шуд, ҳарчанд то пеш аз ин чанд силаи мардумӣ ва силаи муқтадиронаи низомӣ ба гӯши мутаҷовизину давлати террористи Амрико зада шудааст.

Сухангӯи ситоди мардумӣ гиромидошти солгарди шаҳодати сардор сулаймонӣ ҳамчунин бо ташреҳи барномаҳои бузургдашти солгарди шаҳодати сардори Сулаймонӣ, вижагии аслии ин маросимро мардумӣ будани он унвон карду афзуд: ибтикорот ва навовариҳои мардумии маркази вазнини барномаҳои солгарди сардор Сулаймонӣ аст.

Сардори сипаҳбуд «Қосими Сулаймонӣ » фармондиҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва «Абӯмаҳдӣ Ал-Муҳандис» ноиби раиси басиҷи мардумии Ироқ ( ал-Ҳашду шаъбӣ) ба ҳамроҳи 8 нафари дигар, сеюми январ дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурӯдгоҳи Бағдоди Ироқ, ба шаҳодат расиданд.

342/