ABNA24 : Ба гузориши Форс, барномаи умрони Милали Муттаҳид пружаеро дар Тоҷикистон барои рафъи авоқиби иқтисодии вируси ҳамагири корона роҳандозӣ кард.
Бинобар ин гузориш, федератсияи Русия барои иҷрои ин пружа, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, 2 миллион доллар ихтисос додааст.
Пружаи мазкур барои солҳои 2021-2023 ва бо ҳадафи беҳбуди шароити зиндагӣ ва тиҷорат дар манотиқи рустоии водии Фарғонаи Тоҷикистон аз тариқи афзоиши ҳамкориҳои марзӣ бо Ӯзбакистону Қирғизистон, табодули таҷрибаи пешрафта байни кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом мешавад.
Илова бар ин, баъд аз поёни ин маросим ҷаласоти кумитаҳои раҳбарӣ дар заминаи иҷрои дигар пружаҳои барномаи умрони Милали Муттаҳид, аз ҷумла «Тақвияти ҷавомеи устони Хатлон ва водии Рашти Тоҷикистон» ва «Ҷавонон барои тиҷорату навоварӣ» бо ҳимояти молии Русия баргузор мешавад.
342/