12 Декабр 2020 - 15:04
Хиёнати бархе сарони арабӣ ба ормони Фаластин; тақвияти руҳияи муқовимат барои озодии сарзаминҳои ишғолӣ

Котиботи Конфронси байналмилалии дастгирии Интифозаи Фаластинии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон созишномаи ҳукумати Шоҳигарии Мағриб бо режими саҳюнистиро маҳкум кард.

ABNA24: Дабирхонаи доимии конфаронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластини маҷлиси шӯроии исломии Эрон дар баёнияе, ки рӯзи шанбе мунташир шуд, таъкид кард: хиёнати зиллати бори бархе сарони арабӣ аз ҷумла Иморот, Баҳрайн, Судон ва ахиран Мағриб ба ормони миллати Фаластин ва Қудси шариф ҳаргиз мавриди таъйид ва ҳимояти миллатҳои бузург, мубориз ва ҳақталаби ин кишварҳо қарор нахоҳад гирифт.

Дар идомаи ин баёния омадааст: бе тардид нерӯҳои муқовимати фаластинӣ қавитар ва омодатар аз ҳар замони дигар барои озодии сарзаминҳои ишғолӣ аз юғи ҳокимияти саҳюнистҳо иқдом хоҳанд кард.
 
Дабирхонаи доимии конфаронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин тасреҳ кард: фишорҳои истикбори ҷаҳонӣ ба раҳбарии Амрико бар кишварҳои арабӣ барои созиш бо саҳюнистҳо, руҳияи мубориза ҷиҳати хушкондани ин ғуддаи бадхими саратониро тақвият хоҳад карду миллатҳо барои мубориза бо истикбор ва саҳюнизм азми худро беш аз пеш ҷазм мекунанд.

Ин баёния ёдовар шуд: душманони муқовимат ва миллати Фаластин бояд бидонанд, 72 сол таҷрибаи муваффақи муқовимат, пойдорӣ ва фидокориро наметавонанд ба ҳароҷ бигузоранд ва миллати Фаластин номи онҳоро ба унвони хоин ба ислом ва ормони Қудси шариф қиблаи аввали муслимин дар сафҳаи муборизоти худ сабт хоҳанд кард.

Дабирхонаи доимии конфаронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин аз созмонҳои байналмилалӣ, порлумонҳои ҷаҳон ва давлатҳои мустақил хост, нақши худро дар кӯмак ба мардуми озодаи Фаластин ифо ва ин иқдомоти созишкоронаро маҳкум кунанд.

342/