ABNA24: Бархӯрдорӣ аз ин вижагӣ дар таҳқиқи аҳдофи кишварҳои узви ин созмон, дорои аҳамияти роҳбурдӣ аст.
Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раисиҷумҳурии Эрони тайи суханонӣ дар иҷлоси нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки рӯзи душанбе ба мизбонии Ҳинд ва аз тариқи видеоконфронс баргузор шуд, бо таъкид бар ин мавзӯ гуфт, дар дунёи пурхатари имрӯз, ниҳодҳои минтақаӣ аз муассиртарин созу корҳои мудирият ва ҳаллу фасли масоили минтақаӣ, ҷаҳонӣ ва ҳатто миллӣ ҳастанд.
Созмони Ҳамкории Шанхай акнӯн 12 узв дорад ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири ин созмон ҳастанд. Ҳузури Эрон ба унвони узви нозир дар ин созмонро мебоист, аз ду ҷанба иқтисод ва амният ҳоизи аҳаммият донист.
Аз ҷанбаи иқтисодӣ, далоили зиёде вуҷӯд дорад, ки нишон медиҳад, нақши Эрон дар ин ҳамкорӣ бо тавваҷуҳ ба доштани зарфиятҳои мутанаввеъ дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва сармоягузориҳои муштарак ҳоизи аҳаммият аст.
Кӯзагари Калиҷӣ, коршиноси масоили Осиё дар арзёбии аҳаммияти нақши Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай муътақид аст, бо инки вазъияти Эрон дар ин созмон басурати узви нозир аст, ҳамкориҳои Эрон ва Шанхай шомили тайфи густардае аз мавзӯот аст. Ба унвони мисол дар ҳавзаи иқтисодӣ мавзӯоте назири энержӣ, гумрук ва транзит бо тавваҷуҳ ба зарфиятҳои Эрон дар ин заминаҳо ҳоизи аҳаммият аст.
Эрон яке аз ҳалқаҳои калидии мувосилотй дар ғарби Осиё ба шумор меравад. Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон дар бахше аз суханони худ дар ҳамин хусӯс аҳамияти бандари Чобаҳор ва иттисолоти рейлии он, дар масири Афғонистону Осиёи Марказиро ёдовар шуд ва аъзои Созмони Ҳамкории Шанхайро барои ҳамкорӣ дар пружаи азими рейлии Чобаҳор ба Зоҳидон, дар ҷануби шарқи Эрон даъват кард. Бо ҳамкории Эрон ҳамчунин пружаи муҳими рейлии Хоф-Ҳирот ба итмом расидааст, ки ба зудди ифтитоҳ хоҳад шуд. Ин пружа низ таъсири қобили таваҷҷӯҳе бар афзоиши транзит ва густариши равобити иқтисодии Афғонистон аз тариқи Эрон дорад.
Аз ҷанбаи амнияти минтақаӣ низ бояд гуфт, бо тавваҷуҳ ба аҳдофи Созмони Шанхай, ки мубтани бар чандҷонибагароӣ аст, ҳамкории Эрону Шанхай метавонад маншаи осори муҳимме дар ҳифзи амнияти ҷамъӣ бошад. Бавижа ин ки Русия ва Чин, ки аз аъзои таъсигузор дар ин созмон ҳастанд, дар ҳавзаи амният равобити роҳбурдӣ бо Эрон доранд.
Таҳавулоти якдаҳаи гузашта дар минтақа нишон медиҳад, якҷонибагароии Амрико ва таҳмили ноамниҳо ва тероризми ҳимоят ва ҳидоятшуда дар минтақа паёмадҳои зиёнборе доштааст. Ин чолиш аҳамияти нақши Созмони Ҳамкории Шанхай ва истифода аз зарфиятҳои Эронро дар ҷиҳати муқобила бо таҳдидҳои муштарак дар минтақа барҷаста кардааст.
Бо тавваҷуҳ ба ин муаллафаҳо метавон гуфт, созмони Шанхай зарфияти қобили таваҷҷӯҳе барои ҳамкорӣ дорад, ки бо истифода аз он метавон равобити минтақаиро тавсеъа дод ва онро тақвият кард. Суханони Исҳоқи Ҷаҳонгири дар иҷлоси нахуствазирони узви Шанхай дар ҳамин чорчӯб қобили арзёбӣ аст.
342/