Ба гузориши Хабаргузории Байналмилалии Аҳли Байт (а) — Абна — сухангӯи артиши Покистон дар вокуниш ба шиддат гирифтани танишҳои ахир гуфт, ки ҳукумати Ҳинд кай мехоҳад аз ҷаҳони синамоие, ки дар он зиндагӣ мекунад, ба воқеият баргардад.
Сухангӯи артиши Покистон ҳамчунин даъвои Ҳинд дар бораи ин ки Покистон ба 15 пойгоҳ дар дохили Ҳинд ҳамла кардааст, рад кард. Ӯ афзуд: «Мо дар ҳолати омодабош қарор дорем ва ҳар чизеро, ки дар ҳарими ҳавоии мо ҳаракат кунад, зери назар дорем».
Ба нақл аз вазири дифои Покистон, дар сурати идомаи танишҳо бо Ҳинд, хатари вуқӯи як ҷанги ҳастаии комилан воқеӣ ва ҷиддӣ вуҷуд дорад.
Ин огоҳӣ дар ҳолест, ки Асиф қаблан ва пас аз ҳамлаи густурдаи мушакии Ҳинд ба хоки Покистон дар рӯзи чоршанбе, ки бадтарин даргирии ду кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ дар беш аз ду даҳаи гузашта ба шумор меравад, таъкид карда буд: «Дар тамоми ин ду ҳафтаи ахир гуфтаем, ки ҳеҷ гоҳ амали хусуматомезеро оғоз нахоҳем кард, аммо агар Ҳинд ҳамла кунад, посух хоҳем дод».
342/
Your Comment