Ба гузориши Хабаргузории Байналмилалии Аҳли Байт (а) — Абна — Айатуллоҳ Ал-Узмо Абдуллоҳ Ҷаводӣ Омулӣ, марҷаи олиқадри ҷаҳони ташайюъ ва муфассири бузурги Қуръони Карим, барои нахустин бор ба зиёрати аътоми муқаддаса дар кишвари Ироқ мушарраф шуданд.
Аз ҷумлаи барномаҳои Айатуллоҳ Ҷаводӣ Омулӣ дар сафар ба аътоми муқаддасаи Ироқ, ҳадя кардани маҷмӯаи бузург ва арзишманди «Тафсири Тасним» ба ҳарами муқаддаси Ҳазрати Амиралмӯъминин Алӣ (а) мебошад.
Тафсири Тасним яке аз комилтарин ва амиқтарин тафсирҳои Қуръони Карим ба шумор меравад ва то кунун мавриди истиқболи густурдаи ҳавзаҳои илмӣ ва маҳофили илмӣ қарор гирифтааст.
342/
Your Comment