26 Апрел 2025 - 22:02
Source: ABNA
«Трамп» Русияро бо таҳримҳои бонкӣ ё таҳримҳои дуюмдараҷа таҳдид кард

Раиси ҷумҳури Амрико эълон кард: Шояд маҷбур шавем бо «Путин» тавассути таҳримҳои бонкӣ ё таҳримҳои дуюмдараҷа муқобила кунем.

Ба гузориши хабаргузории Абна, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, имрӯз шанбе дар шабакаи иҷтимоии худ, яъне «Трус Сошал» навишт: «Шояд маҷбур шавем бо «Путин» тавассути таҳримҳои бонкӣ ё таҳримҳои дуюмдараҷа муқобила кунем.»

Ба гузориши Ал-Ҷазира, раиси ҷумҳури Амрико идома дод: «Бумборонҳои ахири минтақаҳои ғайринизомӣ дар Украина аз сӯи Русия маро водор мекунад, ки фикр кунам бо Путин бояд ба тарзи дигар рафтор кард, масалан, тавассути таҳрим. Шояд Путин намехоҳад ҷанг дар Украинаро қатъ кунад.»

Доналд Трамп ва Володимир Зеленский, руасои ҷумҳури Амрико ва Украина, дирӯз дар калисои Сан-Петро дар дидоре комилан ғайрирасмӣ бо якдигар гуфтугӯ карданд.

Сергей Никифоров, сухангӯи дафтари Зеленский, қаблан бидуни пешниҳоди ҷузъиёт дар бораи ин дидор гуфт: «Дидор баргузор шуд ва ба поён расид.»

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha