25 Апрел 2025 - 18:58
Source: ABNA
Раиси парлумони Лубнон: Мо силоҳамонро таслим намекунем

Раиси парлумони Лубнон изҳор дошт, ки то замоне ки душман ба ӯҳдадориҳои худ амал накардааст, мо силоҳамонро таслим намекунем.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳли Байт (а) – Абно – Набӣ Беррӣ, раиси парлумони Лубнон, гуфт: “Силоҳи мо барги пирӯзӣ аст, ки бидуни иҷрои комили оташбас ва гуфтугӯ дар бораи сарнавишти ин силоҳ аз он даст нахоҳем кашид.”

Вай аз гуфтугӯи пешниҳодшудаи Жозеф Аун, раиси ҷумҳур (Лубнон), бо Ҳизбуллоҳ ва шарҳи оқилонаи вай ва тавзеҳи маънои суханонаш дар бораи Ҳизбуллоҳ истиқбол ва изҳори хушнудӣ кард.

Беррӣ афзуд: “Аммо фишор овардан ба душман барои амал ба ӯҳдадориҳои худ дар чаҳорчӯбаи созиши оташбас низ муҳим аст.”

Вай гуфт: “Мо ба ҳамаи ӯҳдадориҳои худ амал кардаем ва дар ин бора ҳеҷ шакке нест, аммо душмани сионистӣ ба ӯҳдадориҳои худ амал накардааст, ва ин масъулияти Амрикост.”

Беррӣ изҳор дошт: “Ба ин далел, мо ҳамаи баргҳои пирӯзии худро таслим нахоҳем кард.”

Раиси парлумони Лубнон гуфт: “Лубнон дар созиши оташбас ду ӯҳдадорӣ дошт, ки иборат аз ҷойгир кардани артиш дар ҷануб ва ақибнишинӣ Ҳизбуллоҳ ба ҷануби рӯди Литанӣ буд, ки ба ҳар ду амал шудааст, ва аз он замон ҳатто як тир партоб нашудааст.”

Беррӣ афзуд: “Душман ба ӯҳдадориҳои худ, ки оташбаси комил ва хуруҷи комил аз хоки Лубнонро дар бар мегирад, амал накардааст, балки бар хилофи ин, таҷовузҳо ва ҳамлаҳои худро афзоиш додааст.”

Режими сионистӣ дар таърихи 1 октябри соли 2024 (10 меҳри 1403) таҷовузҳои худро ба Лубнон оғоз кард ва пас аз ду моҳ бо миёнҷигарии Амрико рӯзи чоршанбе, 7 азар, оташбасро имзо кард.

Бар асоси ин созиш, низомиёни режими сионистӣ бояд дар тӯли 60 рӯз аз ҷануби Лубнон хориҷ мешуданд, аммо режими сионистӣ, бар хилофи қавонини байналмилалӣ, нерӯҳои худро дар панҷ мавқеияти стротегӣ дар ҷануби Лубнон нигоҳ дошт ва ин минтақаро тарк накард. Аз замони имзои созиши оташбас то кунун, режими сионистӣ борҳо ин оташбасро нақз кардааст.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha