23 Апрел 2025 - 23:43
Source: Parstoday
Иқтисодӣ| Амрико дар тирраси коҳиши рушд; 50 мақоми “қораи сиёҳ” дар Иҷлоси ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Африқо

Сандуқи Байналмилалии Пул дар бораи кунд шудани рушди иқтисодии ҷаҳон ва ба вижа Амрико ба далели эъмоли таърифаҳои иҷборӣ аз сӯи раисиҷумҳури ин кишвар ҳушдор дод.

Сиёсати таърифаии ғайриқобили пешбинии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ва иқдомоти мутақобили шуракои тиҷории ин кишвар метавонад зарбаи сангине ба иқтисодҳои ҷаҳон ворид кунад.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, Сандуқи Байналмилалии Пул рӯзи сешанбе пешбинӣ кард, ки рушди иқтисодии ҷаҳон имсол ба 2. 8 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Дар ҳоле ки ин рақам дар соли гузашта 3. 3 дарсад буд ва ба таври қобили таваҷҷуҳе камтар аз миёнгини торихӣ аст. Бар ин асос, коҳиши рушди иқтисодии мавриди интизор дар Амрико ҳатто шадидтар асту эҳтимолан иқтисоди он танҳо 1. 8 дарсад рушд хоҳад кард.

Англия яке аз бузургтарин қурбониёни ҷанги тиҷорӣ

Аз сӯи дигар, Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) дар тозатарин арзёбии худ ҳушдор дод, ки иқтисоди Англия яке аз бузургтарин қурбониёни ҷанги тиҷории ҷаҳонӣ хоҳад буд ва рушди иқтисодии ин кишвар бо шиддати бештаре нисбат ба дигар иқтисодҳои пешрафта осеб хоҳад дид.

Ҳаҷми болои мубодилоти Эрон ва аъзои БРИКС

Аз сӯи дигар, Ғуломризо Нурии Қизилҷа, вазири ҷиҳоди кишоварзии Эрон рӯзм душанбе гуфт: Ҳаҷми мубодилоти Ҷумҳурии исломии Эрон бо аъзои БРИКС дар ҳавзаи кишоварзӣ ва ғизо беш аз 13 миллиард доллар аст. Ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи Нурии Қизилҷа, ҳаҷми мубодилоти кишварҳои узви БРИКС дар ин ҳавза ҳудуди 160 миллиард доллар аст.

Ҳузури 50 мақоми “қораи сиёҳ” дар Иҷлоси ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Африқо

Хабари дигари иқтисодӣ ин ки Муҳаммадризо Сафарӣ, сарпарасти дафтари Африқои Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон рӯзи сешанбе зимни ишора ба аҳамияти тавсеаи тиҷорат бо қораи Африқо, ҷузъиёте аз баргузорӣ ва ҳузури меҳмонони сеюмин иҷлоси Эрону Африқо ироа дод.

Вай афзуд, беш аз 700 тоҷир аз беш аз 38 кишвари африқоӣ барои ҳузур дар ин рӯйдод сабтином кардаанд. Ҳамчунин пешбинӣ мешавад беш аз 50 мақом аз 29 кишвари африқоӣ барои ҳузур дар ин иҷлос ба Эрон биёянд. Сеюмин Иҷлоси ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Африқо якшанбеи 27 апрел дар Толори иҷлоси сарон баргузор мешавад.

Африқо мақсади ояндаи иқтисоди ҷаҳонӣ

Дар ҳамин робита, Фотимаи Муҳоҷиронӣ, сухангӯи давлати Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи душанбе аз қораи Африқо ба унвони яке аз бозорҳои бузургу ояндадори ҷаҳон ном бурд, ки метавонад нақши калидӣ дар тавсеаи содироти ғайринафтии Эрон ифо кунад.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha