21 Апрел 2025 - 22:02
Source: ABNA
Миср ва Чин размоиши ҳавоии муштарак баргузор карданд

Миср ва Чин размоиши ҳавоии муштарак бо номи «Уқобҳои Тамаддун 2025» баргузор карданд.

Ба гузориши хабаргузории Абна, Чин ва Миср аввалин размоиши муштараки нерӯҳои ҳавоии худро баргузор карданд.

Расонаи давлатии Чин (CCTV) дар ин бора гузориш дод, ки размоиши муштараки нерӯҳои ҳавоии ду кишвар бо номи «Уқобҳои Тамаддун 2025» дар як пойгоҳи ҳавоии Миср оғоз шуд ва Чин ҷетҳои ҷангӣ, ҳавопаймоҳои огоҳии барвақт, ҳавопаймоҳои сӯхтдиҳанда ва чархболҳояшро дар ин размоиш истифода кард.

Ба гуфтаи ин расона, ҷети ҷангии J-10C-и Нерӯи ҳавоии Артиши Озодибахши Халқии Чин (PLA), ҳавопаймои сӯхтдиҳандаи YU-20 ва ҳавопаймои огоҳии барвақти KJ-500 дар ин размоиш ширкат карданд; дар ҳоле ки ҷониби Миср ҷангандозҳои MiG-29-ро дар размоиши мазкур истифода бурд.

Вазорати дифои Чин бо нашри изҳороте дар ин бора гуфт: «Ин размоиш барои баланд бардоштани ҳамкории амалӣ ва ҳамчунин таҳкими дӯстӣ ва эътимоди мутақобил байни Пекин ва Қоҳира аз аҳамияти бузурге бархӯрдор аст.»

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha