Ба гузориши хабаргузории ABNA ба нақл аз хабаргузории Риа Новости, Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон рӯзи чоршанбе дар суханронии худ эълом кард: "Узвияти Украина дар Иттиҳодияи Аврупо имконнопазир аст."
Нахуствазири Маҷористон дар ин бора идома дод: "Узвияти Украина дар Иттиҳодияи Аврупо ношуданӣ аст ва дар маҳфилҳои хусусӣ дар Брюссел ба ин амр эътироф мекунанд. Аврупоиҳо ба таври возеҳ мебинанд, ки пайвастани Украина ба Иттиҳодияи Аврупо ин иттиҳодияро тақвият намекунад, балки онро заиф мекунад."
Виктор Орбан дар идома афзуд: "Мо ба таври ошкоро ҳатто бо оғози музокироти Киев ва Брюссел мухолифем. Дар бисёре аз кишварҳои Аврупои Гурбӣ низ тасвиби парламент ё баргузории ҳамапурсӣ (референдум) зарурӣ аст. Ҳама инро дар Брюссел медонанд ва ошкоро дар борааш сӯҳбат мекунанд, аммо дар толорҳои конфронс ҳамчунон ваъдаҳо дода мешаванд."
Your Comment