4 Апрел 2025 - 23:22
Source: Parstoday
Эрон дар болотарин сатҳ аз тавонмандиҳои дифоӣ; Иттиҳоди Аврупо дар баробари таърифаҳои Трамп муттаҳид мешавад

Дар пайи эъломи таърифаҳои гумрукии ҷадид аз сӯи Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, раисиҷумҳури Фаронса хостори посухи қотеи Иттиҳоди Аврупо ба ин иқдом шуд.

Ҳамалоти режими Исроил ба Лубнон, Сурия ва Ғазза, хуруҷи Маҷористон аз Девони Байналмилалии Ҷиноӣ, таҷовузи дубораи Амрико ба Яман, гуфтугӯи телефонии Пизишкиён бо Бин Салмон ва оғози ихроҷи паноҳҷӯёни афғони фоқиди мадорик аз Покистон гузидае аз охирин ахбори Эрон ва ҷаҳон аст, ки дар ин бастаи хабарӣ аз “Порс-Тудей” мехонед:

Пизишкиён: бо ҳеҷ кишваре ҷанг надорем/ Дар болотарин сатҳи тавонмандии дифоӣ ҳастем

Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон панҷшанбешаб дар гуфтугӯи телефонӣ бо Муҳаммад бин Салмон оли Сауд, валиаҳди Арабистон гуфт, ки Эрон омодаи таомулу гуфтугӯ дар заминаи рафъи бархе танишҳо, бар асоси манофеъ ва эҳтироми мутақобил аст. Пизишкиён афзуд: Мо бо ҳеҷ кишваре сари ҷанг надорем, аммо дар дифоъ аз худамон низ ҳеҷ тардиде надорему омодагиву тавонмандии мо дар ин замина дар болотарин сатҳ аст.

Ҳамалоти режими Исроил ба Лубнон, Сурия ва Ғазза

Режими саҳюнистӣ дар идомаи нақзи оташбас дар Лубнон, бори дигар манотиқи мухталифи ин кишварро бомбаборон кард. Шабакаи “Алманор” бомдоди ҷумъа эълом кард, ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ як сохтмон дар шаҳри Сайдо дар ҷануби ғарбии Лубнонро ҳадаф қарор доданд. Ҳамзамон хабаргузории расмии миллии Лубнон эълом кард, ду болгарди артиши режими саҳюнистӣ 3 бор ба шаҳри Ноқура, дар минтақаи Сувар, дар ҷануби Лубнон ҳамла кардаанд. Дар ҳамин ҳол манобеи хабарӣ асри панҷшанбе аз шаҳодату захмӣ шудани беш аз 100 нафар дар пайи ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба як мадраса дар борикаи Ғазза хабар доданд.

Дирӯз - панҷшанбе ҳамчунин шабакаи “Алмаёдин” аз кушта шудан 21 нафар дар ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ ва юриши низомиёни ин режим ба устони Даръо, дар ҷануби Сурия хабар доданд.

Хуруҷи Маҷористон аз Девони Байналмилалии Ҷиноӣ

Маҷористон дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ аз Девони Байналмилалии Кайфарӣ хориҷ шуд. Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон панҷшанбе, ҳамзамон бо ҳузури Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими Исроил дар ин кишвар, аз имзои санади хуруҷи Будапешт аз Девони Байналмилалии Ҷиноӣ хабар дод.

Афви Байналмилал: Маҷористон бо истиқбол аз Натанёҳу, муҳри таъйид бар наслкушии Исроил зад

Созмони Афви Байналмилал ин тасмими Маҷористонро ба шиддат маҳкум кард ва онро хиёнат ба ҳамаи қурбониёни ҷиноёти ҷангӣ донист. Созмони Афви Байналмилал дар баёнияе гуфт, ки Маҷористон бо истиқбол аз Натанёҳу, амалан муҳри таъйиде бар наслкушии Исроил зад.

Аврупо дар баробари таърифаҳои Трамп муттаҳид мешавад

Дар пайи эъломи таърифаҳои гумрукии ҷадид аз сӯи Трамп , Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса хостори посухи қотеи Иттиҳоди Аврупо ба ин иқдом шуд. Урсула Фон Дер Ляйен, раиси Комиссияи Аврупо низ рӯзи панҷшанбе ин тасмими раисиҷумҳури Амрикоро зарбае шадид ба иқтисоди ҷаҳонӣ хонд ва бо лаҳне тунд аз оғози раванди тадвини нахустин бастаи иқдоми талофиҷӯёнаи Иттиҳоди Аврупо алайҳи Вашингтон хабар дод. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, ки таърифаи пояи 10 дарсадӣ бар тамоми колоҳои воридотӣ ва таърифаҳои мутақобиле, аз ҷумла 34 дарсад барои колоҳои воридотӣ аз Чин, 20 дарсад барои Иттиҳоди Аврупо ва 24 дарсад барои Ҷопон эъмол хоҳад шуд. Вай ин иқдомро эъломи истиқлоли иқтисодии Амрико тавсиф кард.

Суқути саҳҳоми Амрико; коҳиши 1500 воҳидии шохиси Дов Ҷонс дар миёни эъломи таърифаҳои Трамп

Дар ҳоле ки бозорҳои ҷаҳонӣ ба шиддат таҳти таъсири таърифаҳои Доналд Трамп, раисиҷумҳурии Амрико қарор гирифтаанд, бозори саҳҳоми ин кишвар низ дар илтиҳоб ба сар мебарад ва шохиси Дов Ҷонс 1500 воҳид дар рӯзи панҷшанбе ба вақти маҳаллӣ коҳиш ёфт.

Идомаи ҳамалоти Амрико ба Яман

Ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико бомдоди рӯзи ҷумъа чандини минтақа дар устони Саъда дар шимоли Яманро бомбаборон карданд. Амрико ва Англия дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ аз 25 исфанд иқдом ба ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи Яман кардаанд. Дар ин ҳамалот то кунун даҳҳо ғайринизомӣ куштаву захмӣ шудаанд.

Оғози ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонии фоқиди мадорики қонунӣ аз Покистон

Вазорати кишвари Покистон эълом кард, ки амалиёти густардаеро барои ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонии фоқиди мадорики қонунӣ оғоз кардааст. Мақомоти покистонӣ ба расонаҳои ин кишвар гуфтаанд, ки ин барнома ба далели таътилоти иди Фитр ба таъхир афтода буд, аммо акнун ба марҳалаи иҷроӣ расидааст. Давлати Покистон теъдоди кулли паноҳҷӯёни афғонистониро ҳудуди 3 миллион нафар эълом карда ва ваъда додааст, ки ин афрод дар соли ҷорӣ тибқи барномаи «Ихроҷи атбои хориҷии ғайриқонунӣ» ба Афғонистон бозгардонда хоҳанд шуд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha