2 Феврал 2025 - 18:54
Ахбор | Афзоиши транзити коло аз Эрон, эъмоли тарофаи талофиҷӯёнаи Канада бар колоҳои амрикоӣ

Сафири Қазоқистон дар Теҳрон гуфт: Каридори рейлии Эрон эминтарину наздиктарин масир барои ҳамли бор ба обҳои озод аст.

Афзоиши транзити коло аз Эрон, оғози ҷанги тарофаии Трамп, рӯнамоӣ аз ҷадидтарин шаҳри мушакии Эрон, иҳонати дубора ба Қуръони Карим дар Дания ва гуфтугуи раисони ҷумҳурии Амрико ва Миср бо меҳварияти Ғазза аз охирин ахбори Эрон ва ҷаҳон аст, ки дар ин бастаи хабарӣ аз Порс тудей мехонед:

Эрон | Афзоиши 27 дарсадии транзити коло аз Эрон

Ҷаводи Ҳидоятӣ, мудири кулли дафтари транзити Созмони роҳдории вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон гуфт, убӯри коло аз Эрон дар бахши ҷодаӣ дар 10 моҳи гузашта ба 15 миллион тонн расида, ки 27 дарсади нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл афзоиш доштааст.

Амрико | Оғози ҷанги тарофаии Трамп

Бовуҷуди ҳушдорҳо дар мавриди афзоиши фишор бар масрафкунандагони амрикоӣ ва ворид шудани осеб ба бахшҳои энержӣ, худравсозӣ, чӯбу кишоварзӣ, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико аз рӯзи шанбе тарофаи 25 дарсадиро бар воридот аз Канада ва Мексика ва тарофаи 10 дарсадиро бар колоҳои Чин ба иҷро даровард.

Амрико | Эъмоли тарофаи талофиҷӯёнаи Канада бар колоҳои амрикоӣ

Баъд аз эъломи эъмоли тарофаи 25 дарсадӣ бар колоҳои содиротии канадаӣ ба Иёлоти муттаҳида аз сӯи Доналд Трамп, Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада низ дар иқдоми талофиҷӯёна аз эъмоли тарофаи 25 дарсадӣ бар колоҳои воридотии амрикоӣ хабар дод.

Режими саҳюнистӣ | Талоши Бен-Гвир барои бозгашти Исроил ба ҷанг бо Ғазза

Итамар Бен-Гвир, вазири мустаъфӣ ва тундрави кабинаи Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфт: Исроил бояд ба ҷанг бо Ғазза баргардад. Вай пештар низ дар вокуниш ба интишори тасовире аз таҳвили усарои саҳюнист дар Ғазза гуфт: Ин тасовир таъйиде бар ин аст, ки ончӣ токунӯн рух дода пирӯзӣ набуда, балки шикасти комили Исроил аст.

Низомӣ – дифоӣ Рӯнамоии сипоҳ аз шаҳри мӯшакҳои крузи “Қадар 380” зидди новшикан

Неруи дарёи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ аз шаҳри мӯшакҳои крузи «Қадар 380 зидди новшикан» бо бурди беш аз ҳазор километр дар пойгоҳи зеризаминии мушакии ин неру рӯнамоӣ кард. Сардор Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ гуфт: Рӯнамоӣ аз шаҳрҳои мушакӣ барои дақиқ шудани муҳосиботи душманон аст, инки душманон иштибоҳ накунанд, ки ба хотири иштибоҳашон ҳам худашон ва ҳам дигаронро ба дардисар биандозанд.

Амрикои Лотин | Венесуэла: Куба таслими боҷхоҳии Амрико нахоҳад шуд

Иван Хел, вазири хориҷаи Венесуэла бо ишора ба бозгардонда шудани номи Куба дар феҳристи иддаоии кишварҳои ҳомии терроризм аз сӯи Иёлоти муттаҳида, таъкид кард, ки ин кишвар таслими боҷхоҳии Амрико нахоҳад шуд. Доналд Трамп пас аз оғоз ба кор ба унвони раисиҷумҳури Амрико, тасмими Ҷо Байден мабнӣ бар ҳазфи Куба аз феҳристи кишварҳои ҳомии терроризмро лағв кард. Давлати Байден, раисиҷумҳури пешини Амрико дар охирин рӯзҳои даврони масъулияти худ ва дар иқдоми дерҳангом, номи Кубаро аз феҳристи кишварҳои ҳомии терроризм ҳазф карда буд.

Африқо | Хоби Трамп барои кӯчи иҷбории фаластиниён ба Миср; Ал Сисӣ, таъбир намешавад

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрикои рӯзи шанбе бо Абдулфаттоҳ Ал Сисӣ, раисиҷумҳури Миср дар бораи тарҳи кӯчи иҷбории фаластиниён аз Ғазза ба Миср ва Урдун гуфтугӯ кард. Ал Сисӣ пештар бо тарҳи кӯчи иҷбории фаластиниён мухолифат карда буд.

Аврупо | Иҳонати дубора ба Қуръони Карим дар Дания

Расмус Палудан, раиси Ҳизби рости ифротии «Роҳи сахт»-и Дания танҳо чанд рӯз пас аз ҳалокати Селван Момика, паноҳандаи масеҳии ироқӣ дар Шветсия, дар иқдоме тавҳиномез бори дигар як нусха аз Қуръони Каримро муқобили сафорати Туркия дар Копенгаген хабар дод. Палудан пеш аз ин дар моҳи январи соли гузаштаи мелодӣ (2024) низ дар иқдоме тавҳиномез як нусха аз Қуръони Каримро муқобили сафорати Туркия дар Стокгҳолм пойтахти Шветсия сӯзонда буд. Ин иқдоми вай таҳти ҳифозати полис ва бо муҷаввизи мақомҳои шветсияӣ анҷом шуда буд.

Осиёи Марказӣ | Сафири Қазоқистон дар Теҳрон: Каридори рейлии Эрон, эминтарин масир барои ҳамли бор ба обҳои озод

Онталап Оналбаев, сафири фавқулода ва томулохитиёри Ҷумҳурии Қазоқистон дар Теҳрон гуфт: Каридори рейлии Эрон, эминтарину наздиктарин масир барои ҳамли бор ба обҳои озод аст.