17 Декабр 2024 - 19:57
Нақди имом Хоманаӣ бар фиребкории сармоядории ғарбӣ дар ҳавзаи занон: Истисмор дар пӯшиши назарияҳои инсондӯстона

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳадафи пинҳон аз шиори озодии бардагони Амрико дар ҳудуди 2 қарни қаблро кашонидани бардагон аз мазореи ҷануб ба корхонаҳои шимоли ин кишвар хонданду гуфтанд: Имрӯз ҳам дар пушти шиорҳои феминистиву озодӣ ва ҳуқуқи занон, аҳдофи зиддиинсонӣ ва сиёсӣ наҳуфта аст, ки бархе аз онҳо мушаххас аст ва бархе аҳдоф баъдҳо ошкор мешавад.

Раҳбари инқилоби исломӣ субҳи имрӯз дар дидори ҳазорон нафар аз занону духтарон, ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а), духтари паёмбари Ислом (с)-ро аз шигифтиҳои офариниш хонданд ва бо баёни усули муҳими маншури Ислом дар бораи зан таъкид карданд: Дар Ислом зану мард мукаммили якдигаранд ва дар талош барои расидан ба ҳаёти тайибаву тавоноиҳои фикриву рӯҳӣ дар арсаҳои илмӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, асаргузории иҷтимоӣ - сиёсӣ, фаъолияти иқтисодӣ ва масоили байналмилалӣ ҳеҷ тафовуте бо ҳам надоранд.

Эшон дар ибтидои суханонашон бо табрики айёми валодати ҳазрати сиддиқаи тоҳира (с.а), ҷаласа бо занону духтаронро бисёр хубу пуршӯр хонданд.

Ҷойгоҳи ҳазрати Фотима (с.а)

Раҳбари инқилоб бо ишора ба бархе абъоди вуҷудии ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а) ба унвони падидаи шигифтангези олами офариниш гуфтанд: Ин ки бонӯе ҷавон, аз лиҳози маънавиву ҳувияти малакутӣ ва ҷабарутӣ ба ҷое бирасад, ки ба ривояти аҳли ташайюъ ва тасаннун, хашми ӯ хашми Худо ва хушнудии ӯ хушнудии Парвардгорро ба ҳамроҳ биоварад, бисёр пуразамат ва аҷиб аст.

Эшон “ғамгусорӣ бо паёмбар дар сахтиҳо”, “ҳамроҳӣ бо амири муъминон дар ҷиҳод”, “хиракунандаи чашми фариштагон дар ибодат”, “баёни хутбаҳои фасеҳ, балеғу оташин”, “парвариши имом Ҳасану имом Ҳусайн (алайҳумоссалом) ва ҳазрати Зайнаб (с.а)” –ро аз вижагиҳои беназири ҳазрати Фотима (с.а) хонданду афзуданд: Он ҳазрат дар кӯдакӣ, ҷавонӣ, издивоҷ ва сираи зиндагӣ бартарин, зеботарин ва гуётарин улгӯи зани мусулмон аст.

Сармоядорон ва масъалаи зан

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба дидгоҳҳои мухталиф дар бораи масъалаи зан дар ҷаҳон гуфтанд: Сармоядорӣ ва сиёсатмадорони тобеи онҳо бо дар даст доштани расонаҳои муассир дар ҷаҳон, бо бесадоқативу дурӯғгӯӣ ва дар пӯшиши зоҳирии як назарияи фалсафӣ ва инсондӯстона, ангезаҳои ҷинояткоронаву фасодангези худро барои дахолату ҷиҳатдиҳӣ дар умури ҷомеаи ҷаҳонии занон ва касби манофеи номашруъ, пинҳон мекунанд.

Эшон бесадоқативу риёкориро равиши ҳамешагии истеъморгарону сармоядорони ғарбӣ донистанд ва кашидани занон ба корхонаҳо барои таъмини ниёзи саноеъ ба коргарон бо дастмузди камро таҳти пӯшиши озодиву истиқлоли занон, намунае аз ин риёкорӣ хонданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳадафи пинҳон аз шиори озодии бардагони Амрико дар ҳудуди 2 қарни қаблро кашонидани бардагон аз мазореи ҷануб ба корхонаҳои шимоли ин кишвар хонданду гуфтанд: Имрӯз ҳам дар пушти шиорҳои феминистиву озодӣ ва ҳуқуқи занон, аҳдофи зиддиинсонӣ ва сиёсӣ наҳуфта аст, ки бархе аз онҳо мушаххас аст ва бархе аҳдоф баъдҳо ошкор мешавад.

Ислом ва зан

Раҳбари инқилоб масъалаи завҷиятро аввалин асли муҳим дар маншури зан дар Ислом хонданду афзуданд: Бар асоси оёти мутааддиди Қуръон, зану мард аз ҷинси якдигар, завҷу мукаммили ҳам ҳастанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ лозимаи завҷияту мукаммил будани зану мардро ташкили воҳиде сеюм ба номи хонавода хонданду гуфтанд: Бар ин асос, ташкили хонавода як суннати илоҳии офариниш аст, ки хушбахтона дар фарҳанги эронӣ ҳам, хонаводадӯстӣ аз нишонаҳои муҳими қуввату умқи фарҳангии миллат аст.

Раҳбари инқилоб як асли дигари маншури исломӣ дар бораи занро набуди ҳеҷ гуна тафовут байни зану мард дар ҳаракати маънавиву таъолии инсонӣ ва дастёбӣ ба ҳаёти таййиба хонданду гуфтанд: Аз манзари Ислом, зану мард бо вуҷуди тафовутҳои ҷисмӣ, ҳар ду аз тавоноиҳову навовариҳои фикриву амалӣ ва истеъдодҳои бениҳоят бархӯрдор ҳастанд, ки боис мешавад зан низ ҳамчун мард битавонад ва дар мавориде воҷиб бошад, ки дар арсаҳову фаъолиятҳои гуногуни илмӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, байналмилалӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ нақшофаринӣ кунад.

Эшон арзиши маънавии модарӣ ва ифтихор ба онро рукне дигар аз нигоҳи Ислом ба масъалаи зан баршумурданд ва афзуданд: Имрӯз баъзеҳо дар сояи сиёсатҳои сармоядорону истеъморгарону бадхоҳони ҷавомеи мустақил, бахусус ҷомеаи мо, аз «модарӣ» тасвири баде ироа мекунанд. Дар ҳоле ки модарӣ ва парвариш додан як инсон ифтихоре бисёр боарзиш аст ва бар ҳамин асос аст, ки дар Ислом бо таобири мухталиф, аз ҷумла қарор доштани Биҳишт зери пои модарон, супориши зиёде ба муҳаббату хидмату итоат аз модар шудааст.

Зан пас аз инқилоби исломӣ

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ пас аз баршумурдани баъзе аз усули муҳими маншури Ислом дар бораи зан, рушди шигифтангези занони муъмин, донову фаъол дар арсаҳои мухталиф, пас аз пирӯзии инқилоби исломии Эронро бар пояи ин нигоҳи мутаъолӣ донистанд.

Эшон рушди занони донишманд, устоди донишгоҳ, нависанда, шоиру ҳунарманд бо ҳифзи тадайюнро ғайриқобили муқоиса бо қабл аз инқилоби исломии Эрон хонданду гуфтанд: Албатта, душман ҳам бекор несту машғули тарроҳӣ аст, зеро онҳо хеле зуд мутаваҷҷеҳ шуданд, шикаст додан ва ба зону даровардани инқилоб бо шеваҳои сахтафзорие ҳамчун ҷанг, бомбаборон, қавмиятгароӣ ва неруҳои фитнагар мумкин нест. Бинобарин суроғи шеваҳои нармафзорӣ, яъне таблиғот, васвасаҳо ва шиорҳое ба дур аз садоқат рафтаанд.

Масъалаи муқовимат

Раҳбари инқилоб дар бахши поёнии суханонашон бо ишора ба масоили минтақа, хотирнишон карданд: Бо ҳаракате, ки дар Сурия анҷом шуд ва бо ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ ва Амрикову кумакҳои дигарон ба онҳо, душманон хаёл карданд, ки масъалаи муқовимат тамом шуд, дар ҳоле ки онҳо сахт дар иштибоҳ ҳастанд.

Эшон бо таъкид бар инки рӯҳи Сайид Ҳасан Насруллоҳу Синвор зинда аст, афзуданд: Ҷисми онҳо рафт, аммо шаҳодат онҳоро аз арсаи вуҷуд берун набурду рӯҳу фикри онҳо боқӣ аст ва роҳашон идома дорад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманае бо ишора ба истодагии Ғазза дар баробари ҳамалоти рӯзонаи саҳюнистҳо ва истимрори муқовимати Лубнон гуфтанд: Режими саҳюнистӣ ба хаёли худ дар ҳоли омодасозии худ аз тариқи Сурия барои муҳосира ва решакании Ҳизбуллоҳи Лубнон аст, аммо он ки решакан хоҳад шуд, Исроил аст.

Пеш аз баёноти Раҳбари инқилоб 6 нафар аз фаъолони ҳавзаи занону духтарон ба баёни матолибе дар заминаҳои «улгӯи зани мусулмони инқилобӣ», «фазои маҷозӣ, зан, хонавода ва кӯдак», «ҳалли масъалаи ҷамъият аз тариқи тақвияти ниҳоди хонавода», «тавонмандии бонувони ҳунарманд ва тақвияти осори намоишии ҳавзаи занон», «тасҳилгарии издивоҷу масъалаи воситагарӣ» ва низ «ислоҳи барномаҳои дарсии донишомӯзони духтар бо нигоҳ ба тақвияти ҳувияти фарҳангӣ» пардохтанд.

Ҳамчунин хонум Оида Сурур, модари ду шаҳиди лубнонӣ ҳам ба намояндагӣ аз бонувони меҳвари муқовимат, дар ин дидор суханоне дар боби идомаву пирӯзии муқовимат баён кард.