16 Декабр 2024 - 19:41
Эҳзори сафири Фаронса дар Алҷазоир; Ҳамалоти нави Амрико ва Британия ба Яман ва пешгӯии генерали эронӣ дар бораи ҷавонони Сурия

рӯзи якшанбе вазорати хориҷаи Алҷазоир сафири Фаронса дар Алҷазоирро эҳзор кард ва эътирози худро зидди фаъолиятҳои итилоъоти ва хадамоти амниятии Фаронса дар Алҷазоир эълом кард.

Идомаи ҳамалоти Амрико ва Британия ба Яман, ҳамлаи дубораи режими саҳюнистӣ ба Сурия, эҳзори сафири Фаронса дар Алҷазоир, мулоқоти намояндаи СММ дар Сурия бо раҳбари гурӯҳи террористии Ҳаёт Таҳрири Шом ва нигаронии муштараки Эрон ва Ҷопон дар бораи амнияти минтақаи Ғарби Осиё, мунтахаби охирин таҳаввулот Ин ҷаҳонест, ки шумо дар ин гузориш аз Порс тудеӣ дар бораи он мехонед.

Таҷовузи дубораи эътилофи амрикоӣ-англисӣ ба Яман

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Олам”, субҳи имрӯзи душанбе ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико ва Британия минтақаи “Баҳис”-и бахши “Мидӣ”-и вилояти Ҳаҷҷаи Яманро тирборон карданд. То кунун дар бораи ҳадафҳои бомбгузоришуда ва хисорот ва талафоти эҳтимолии ин ҳамла гузорише мунташир нашудааст. Амрико ва Англия дар моҳҳои охир чандин маротиба Яманро ҳадаф қарор доданд. Ин ҳамлаҳо ба манзури пешгири аз ҳимояти ҳамаҷонибаи мардум ва ҳукумати Яман аз мардуми Фаластин дар навори Ғазза анҷом мешаванд.

Узви аршади Ҷунбиши Ансоруллоҳ: Амрико дарҳои ҷаҳанамро барои худ боз мекунад

"Абдураҳмон Ал-Аҳнумӣ" субҳи рӯзи душанбе дар вокуниш ба таҷовузи Амрико дар Яман гуфт: Амрико бо афзоиши таниш бо Яман дарҳои ҷаҳаннамро ба рӯи худ боз мекунад.

Ҷангиёни режими саҳюнистӣ бори дигар манотиқи Сурияро бомбаборон карданд.

Ҷангандаҳои саҳюнисти бори дигар манотиқи дар сурияро бомбаборон карданд.

Телевизиони Ал-Олам субҳи рӯзи душанбе эълом кард: Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ дар мавҷи ҷадиди ҳамлаҳо фурудгоҳи низомии Дайр-азор дар вилояти Ҳамо ва Ҳумс дар маркази Сурияро бомбборон карданд ва аз чинояткорони Исроил дар амон намонданд инчунин, ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ; Дар музофотҳои Латакия ва Тартуси Сурия садои таркишҳои шадид ба гӯш мерасад.

Англия: Мо бо Таҳрир аш-Шом дар тамос ҳастем

Вазири хориҷаи Британия рӯзи якшанбе равобити дипломатии ин кишвар бо гурӯҳи террористии Ҳаёт Таҳрир аш-Шом дар Сурияро эълон кард. Дейвид Ламмӣ, вазири умури хориҷии Британия, эътироф кард, ки гурӯҳи Ҳаёт Таҳрир аш-Шом дар феҳристи созмонҳои террористӣ қарор дорад ва гуфт: Мо метавонем бо ин гурӯҳ, тавре интизор мерафт, равобити дипломатӣ дошта бошем.

Мулокоти намояндаи Созмони Милал дар умури Сурия бо Ал-Чувлони

Ал-Ҷувлонӣ, раҳбари гурӯҳи террористии Ҳаёт Таҳрири Шом дирӯз дар Димишқ намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия Гейр Педерсонро пазироӣ кард. Бо суқути ҳукумати марказии Сурия, Таҳрир аш-Шом акнун қудратро дар Димишқ ба даст овардааст. Аз ин рӯ, фаъолони давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ талош мекунанд бо ин гурӯҳ робита дошта бошанд.

Нигаронии муштараки Эрон ва Ҷопон дар бораи суботи амнияти минтақа

Такеҳиро Фунакошӣ, муовини вазири умури хориҷии Ҷопон, ки барои машварат бо мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар робита ба равобити дуҷониба ва таҳаввулоти минтақаӣ ба Теҳрон сафар кардааст, шоми якшанбе бо Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Фунакошӣ бо ишора ба равобити тӯлонӣ ва дӯстонаи Эрон ва Ҷопон бар аҳамияти идомаи машваратҳо барои тавсеъаи равобити дуҷониба ва мусоидат ба ҳалли масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ таъкид кард. Вазири хориҷаи Эрон низ бо ишора ба равобити хуб ва дӯстонаи ду кишвар аз машваратҳо бо Ҷопон дар робита ба равобити дуҷониба ва масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ истиқбол кард ва бар аҳамияти идомаи ин машваратҳо бо назардошти таҳаввулоти ахир дар минтақа, ба вижа Сурия таъкид кард ва нигарониҳои муштараки ду кишвар ба субот ва амният дар минтақа таъкид карданд.

Генерал-майор Саламӣ: Ҷавонон дар ниҳоят Сурияро аз дасти бегонагон хоҳанд гирифт

Генерал-майор Ҳусейни Саламӣ, сарфармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, рӯзи якшанбе бо баёни ин ки густариши муқовимат амри Илоҳӣ аст, эълом кард, ки ҷавонон дар ниҳоят Сурияро аз дасти бегонагон берун хоҳанд кард.

Сарфармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоб дар робита ба таҳаввулоти Сурия афзуд: Дар ҳар сарзамине, ки бегонагон барои аз байн бурдани ҳуввияти он иқдом мекунанд, дар ниҳоят ҷавонони мусалмон саҳнаро аз дасти онҳо мегиранд ва ин дар Сурия низ сурат хоҳад гирифт. .

Сафири Қазоқистон: Тавсеаи равобити иқтисодӣ бо Эрон авлавият дорад

Сафири Қазоқистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе дар дидор бо устондори Мозандарон дар шаҳри Сори тавсеаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Эрон, ки марказаш дар устони Мозандарон аз авлавиятҳои кишвараш аст

Алҷазоир сафири Фаронсаро эҳзор кард

Вазорати корҳои хориҷии Алҷазоир рӯзи якшанбе сафири Фаронса дар Алҷазоирро даъват кард. Дар ин даъват Вазорати корҳои хориҷии Алҷазоир эътирози худро ба фаъолиятҳои итилоъоти ва хадамоти амниятии Фаронса дар Алҷазоир эълон кард.

Бар асоси эъломи расонаҳои Алҷазоир мақомоти ин кишвар ахрина ба иқдомоти хасмона ва барномарезишудаи Фаронса аз ҷумла талош барои ворид кардан миқдори зиёди силоҳ ва муҳимот ба Алҷазоир пай бурданд.