12 Декабр 2024 - 20:16
Ғарб чӣ гуна «ҳуқуқи башар»-ро ба як силоҳи идеологӣ ва пропагандаи сиёҳ табдил кард?

Сухангуи вазорати хориҷаи Эрон бо ишора ба Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар таъкид кард, ки истифодаи абзорӣ аз гуфтумони ҳуқуқи башар барои матомеъ(тамаъ)-и сиёсӣ бузургтарин офату хатар барои посдошти ҳуқуқи башар аст.

Ба гузориши Порс тудей, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар дар ҳисоби расмии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: Дар Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, навъи инсон ба хотири дастоварди арзандаи худ дар тасвиби Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар тавассути Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар 10 декабри 1948 эҳсоси ифтихор мекунад; бо вуҷӯди ин, истифодаи абзорӣ аз гуфтумони ҳуқуқи башар барои матомеъи сиёсӣ ба ҳамроҳи стандартҳои дугона ва бархӯрдҳои гузинишӣ, ҳамчунон бузургтарин офату хатар барои посдошти ҳуқуқи башар аст ва инсиҷому эътибори сохтори ҳуқуқи башарро дар маърази хатари ҷиддӣ қарор медиҳад.

Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар як паймони байналмилалӣ аст, ки дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 10 декабри 1948 дар Порис ба тасвиб расид. Эъломияи мазкӯр шомили 30 мода аст, ки ба ташреҳи дидгоҳи Созмони милал дар мавриди ҳуқуқи башар мепардозад. Мафоди ин эъломияи ҳуқуқбунёдии маданӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиеро, ки ҳамаи афроди башар дар ҳар кишваре бояд аз он бархӯрдор бошанд, мушаххас кардааст.

Бо инки мафҳуми ҳуқуқи башар амре пазируфта шуда дар сатҳи ҷаҳонӣ ва дар ҷомеъаи байналмилалӣ аст, аммо нигоҳе ба рӯйкардҳо, мавозеъ ва иқдомоти Ғарб ба саркардагии Амрико нишон медиҳад, ки ғарбиҳо таърифи хосу маҳдӯди худро аз ин мафҳуми бунёдӣ дошта ва ба истилоҳ бо метру меъёри хоси худ ба баррасӣ ва мавзегирӣ дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар дигар кишварҳо, бавижа кишварҳои мухолифи султаи Ғарб мепардозанд.

Дар ҳоле, ки дар нуқоти мухталифи ҷаҳон ва дар кишварҳои мухталиф ва низ дар адёни ҷаҳонӣ, масъалаи ҳуқуқи башар дорои абъоди мухталиф ва мутафовите аст ва инки Ғарб бар асоси таърифи хоси худ аз ҳуқуқи башар ба қазоват дар ин замина дар дигар кишварҳо бинишинад иқдоме нодуруст аст. Масъалаи стандартҳои дугонаи Ғарб дар заминаи ҳуқуқи башар борҳо аз сӯи кишварҳои мухолифи султаи Ғарб, монанди Эрон ва низ рақиби Ғарб монанди Чину Русия матраҳ шудааст.

Солҳост, ҳуқуқи башар ба абзоре дар дасти ғарбиҳо барои ҳамалоти таблиғотӣ ва роҳандозии ҷанги равонӣ алайҳи кишварҳои мухолифи гегемонияи Ғарб табдил шудааст. Мисоли боризи ин амр муттаҳам кардани Русия ба нақзи ҳуқуқи башару иртикоби ҷиноёти ҷангӣ дар ҷанги Украина ва ҳатто судӯри ҳукми боздошти Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аз сӯи Девони байналмилалии кайфарӣ аст, ки бо истиқболу пуштибонии кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико ва аврупоиҳо мувоҷеҳ шудааст. Дар ҳоле, ки судӯри ҳукми боздошти Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ва Йоав Галлант, вазири ҷанги собиқи ин режим аз сӯи Девони байналмилалии кайфарӣ ба далели наслкушӣ ва истифода аз гуруснагӣ ба унвони силоҳ ва низ мамониат аз имдодрасонӣ ба мардуми Ғазза бо интиқоду маҳкӯмияти шадиди ғарбиҳо ба хусӯс, Амрико мувоҷеҳ шуда ва бо он мухолифат варзидаанд. Кишварҳои аврупоии узви Девони байналмилалии кайфарӣ буда ва муваззаф ба иҷрои аҳкоми он ҳастанд; бо ин ҳол, бисёре аз ин кишварҳо бо матраҳ кардани анвоъи баҳонаҳо аз иҷрои он шонаи холӣ кардаанд. Амрико низ ин девонро таҳдид ба таҳриму муҷозот кардааст.

Илҳон Умар, намояндаи мусулмону демократи Конгресси Амрико мегуяд: Иддаоҳои Вашингтон дар хусӯси нақзи ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон бисёр «риёкорона» аст.

Масъалаи дигар ин аст, ки ғарбиҳо худро масӯн аз баррасии вазъияти ҳуқуқи башар дониста ва ба ҳамин далел ҳеҷ эътиноӣ ба гузоришҳо, баёнияҳо ва қатъномаҳои ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ монанди Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо бавижа Амрико надоранд.

Нигоҳе ба вазъияти ҳуқуқи башар дар Амрико нишондиҳандаи нақзи шадиди ҳуқуқи башар дар ин кишвар аст. Тадовуми бархӯрдҳои табъизомез бо рангинпӯстону хушунати беҳадди полиси Амрико алайҳи онҳо ва низ корномаи сиёҳи Вашингтон дар хориҷ аз Амрико бо амалиёти низомӣ, ҳамалоту ҷиноёти ҷангӣ дар бисёре аз кишварҳо монанди Ветнам, Афғонистон, Ироқу Сурия ва эҷоди зиндонҳо ва бархӯрдҳои зидди инсонӣ ваа шиканҷаи муттаҳамон нишонгари иддаои дурӯғи Вашингтон дар заминаи тарафдорӣ аз ҳуқуқи башар аст.

Дар кишварҳои аврупоӣ низ ки аз муддаиёни ҳуқуқи башар ҳастанд, вазъияти номатлӯбе дар ин заминаи вуҷӯд дорад. Дар кишварҳои аврупоӣ монанди Фаронса, Олмону Британия, табъизу хушунат алайҳи рангинпӯстон, муҳоҷирону паноҳҷуён, густариши табъизу хушунат алайҳи мусулмонон, ки аксари онҳо аз муҳоҷирону паноҳҷуён ҳастанд, шароити сахту номуносиби коргарон, табъизҳои ҷинсиятӣ ва қавмӣ дар ҳавзаҳои гӯногӯн бавижаи иштиғол ва омӯзиш вуҷӯд дорад.