10 Декабр 2024 - 20:13
Аврупои шарқӣ дар муқобили Аврупои ғарбӣ; Ветои понздаҳумин бастаи таҳримии Иттиҳодия алайҳи Русия

Порс тудей-Талоши Иттиҳодияи Аврупо барои дастёбӣ ба ҳамфикрӣ дар иҷроӣ кардани бастаи таҳримии понздаҳум алайҳи Русия бо ветои Латвия ва Литва бенатиҷа монд.

Ба думболи ветои бастаи таҳримии понздаҳуми Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия аз сӯи Латвия ва Литва, музокирот байни аъзои ин иттиҳодия барои фишори бештар бар Маскав ба санаи дигар вогузор  шуд. Ба гузориши Порс тудей, Иттиҳодияи Аврупо аз соли 2022 ва пас аз ҷанги Украина маҷмӯае аз таҳримҳоро дар ростои ҳимоят аз Украина ва фишор ба Русия алайҳи Маскав тасвиб кардааст.

 Ин бастаҳои таҳримӣ бештар бар бахши энергии Русия тамаркуз доштааст то аз ин тариқ фишори иқтисодиро бар Русия афзоиш диҳад. Дар ин росто кишварҳои аврупоӣ тайи ҳафтаҳои ахир низ бори дигар бо омода кардани бастаи таҳримии ҷадиде, ки новгони нафткашҳои Русияро ҳадаф қарор дода буд, дар талош буданд доираи фишорҳоро бар Русия афзоиш диҳанд.

 Бар асоси пешнависи бастаи ҷадиди таҳримии Иттиҳодияи Аврупо, Брюссел ба думболи он буд, то теъдоди нафткшҳои бештареро дар феҳристи сиёҳи худ қарор диҳад ва теъдоди онҳоро дар маҷмӯъ ба 75 нафткаш бирасонад. Ин баста аммо дар нишасти аъзои Иттиҳодияи Аврупо бо мухолифати ду узви ин иттиҳодия яъне Латвия ва Литва ба тасвиб нарасид.

 Бо гузашти беш аз ду сол аз ҷанги Русия ва Украина, мавзӯъи таҳрими нафт ва гази Русия аз яксу ба омиле барои афзоиши фишор аз сӯи Аврупо ба Русия табдил шуда ва аз сӯи дигар шикофҳо ва ихтилофоти дарунӣ дар Иттиҳодияи Аврупо бар сари мавзӯъи энергиро шиддат бахшидааст.

Кишварҳои аврупоӣ, ки даҳаҳо бахши умдае аз нафту гази мавриди ниёзи худро аз Русия таъмин мекарданд, бо оғози ҷанг Украина ба пайравӣ аз хости Амрико бахши энергии Русияро дар чандин марҳила таҳрим карданд, ин таҳримҳо, аммо шароити иқтисодиро барои худи кишварҳои Аврупо сахт кард ва ба кишварҳои Аврупои шарқӣ зиёни бештаре ворид кард; ба тавре ки аз ҳамон замони шурӯъи таҳримҳо кишварҳое чун Чехия, Словакия ва Венгрия ба далели нотавонӣ дар ёфтани таъминкунандагони ҷойгузин аз мамнуъиятҳои таҳрими Иттиҳодияи Аврупо маоф шуданд. Аммо акнун мақомоти Аврупо мӯътақиданд, ки ин маофиятҳо роҳро барои идомаи муносибот бо Русия боз гузоштааст; Аз ин рӯ дар бастаи таҳримии ҷадид талош шуда буд, то маофияти ин кишварҳо низ бекор  шавад; мавзӯӣ, ки сабаби шикасти музокирот шуд.

 Дар воқеъ кишварҳои аврупоӣ дар ҳоле дар талош барои эҷоди таҳримҳои бештар ва бастани роҳи муровидоти тиҷорӣ бо Русия ҳастанд, ки ба рағми ҳама фишорҳо даромади содироти Русия аз фурӯши энергия раванди афзоишӣ доштааст. Дар ин замина Петер Сийярто-вазири хориҷаи Венгрия чанде пеш гуфт: Иқдомоти маҳдудкунандаи Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия ба ҳеҷ ваҷҳ кумаке ба поён додани даргирии Украина нахоҳад кард ва беш аз Русия, ба иқтисоди Аврупо осеб ворид хоҳад кард. Вай таъкид кард: Будапешт сиёсати таҳримии Иттиҳодия Аврупо алайҳи Русияро «комилан шикастхӯрда» медонад.

 Кишварҳои аврупоӣ, ки даҳаҳост аз замони ташкили Иттиҳодияи Аврупо дар пайи исботи ҳамгароӣ ва ваҳдати назари аъзои ин иттиҳодия дар тасмимгириҳо перомуни масоили дохилӣ ва хориҷии худ будаанд, тайи солҳои ахир натанҳо дар мавриди мавзӯъи таҳрими Русия. балки дар қиболи масоиле чун муҳоҷирон, тасмимгирӣ перомуни ҷанги Ғазза ва ҳамчунин дигар маворид аз ҷумла буҳрони Украина дучори ихтилофи назари шадид ҳастанд, мухолифати кишварҳое чун Латвия бо бастаи таҳримии ҷадид дар заминаи таҳрими нафти Русия ҷадидтарин маврид дар ин замина аст.

 Дар ҳамин росто ба назар мерасад акнун дар дохили Иттиҳодия Аврупо беш аз ҳар замоне ихтилофот ташдид шудааст ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ дигар ҳозир ба қурбонӣ кардани манофеъи миллии худ дар ростои манофеъ ва аҳдофи калони мавриди хостаи Аврупо нестанд.

 Акнун бо мувофиқат накардани ду кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо бо ихтисоси понздаҳумин бастаи таҳримӣ, қарор аст бори дигар ин баста дар ҷаласаи баъдии вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар таърихи 16 декабр мавриди баҳс қарор гирад, дар воқеъ аъзои Иттиҳодияи Аврупо умедворанд бо тасвиби ин баста битавонанд аз яксу ба ваҳдати назар бирасанд ва аз сӯи дигар доираи таҳримҳо алайҳи Русияро тангтар кунанд, хостае, ки аз эҳтимол дур ба назар мерасад.