Порс тудей- Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ, мусодираи баландгуҳо ва мамнуъияти пахш азон аз масоҷид дар сарзмиҳои ишғолии Фаластинро маҳкум кард ва онро эъломи ошкори ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ислом донист.
Ба тозагӣ Итамар Бен-Гвир, вазири рости ифротии Исроил ба низомиёни режими саҳюнистӣ дастур дода то масоҷиди воқеъ дар сарзаминҳои ишғолиро аз пахши азон манъ кунанд. Бар асоси дастуроти вазири ифротии Исроил, низомиёни саҳюнист иҷозаи вуруд ба масоҷид ва мусодираи таҷҳизоти баландгӯро дар сурати истифода аз он доранд ва масоҷиде, ки садои азонро пахш мекунанд, ҷарима хоҳанд шуд.
Дар ҳамин замина ва ба гузориши шабакаи Порс тудей ба нақл аз хабаргузори Шабистон, Ниҳод Аваз, мудири иҷрои миллии Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ гуфт: Ҳамла ба масоҷид, калисоҳо, маконҳои фарҳангӣ ва беҳурматии мутуни муқаддас ҳамагӣ бахше аз муборизоти чандин даҳаҳои режими саҳюнистӣ барои маҳви фарҳанги Фаластин аст.
Вай афзуд, ҷанг алайҳи Ислом ва масеҳият ҳамвора яке аз муаллафаҳои асли наслкушии режими Исроил буда, ки мардуми Фаластинро ҳадаф қарор додааст.
Мудири иҷроии милли Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ бо ишора ба инки ҳимояти Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико аз режими Исроил, ин режимро барои саркӯби озодиҳои мазҳаб ҷасуртар кардааст, аз кишварҳои дорои аксарияти мусулмон хост то иқдомоти мушаххас барои поён додан ба наслкушии режими Исроил анҷом диҳанд.
342/