Ба гузориши Порс тудей ва ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, сарлашкар Боқирӣ гуфт: Саҳюнистҳо бидонанд, ки неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон мубтанӣ бар ахлоқу омӯзаҳои динӣ ва бар асоси қавонини байналмилалӣ, дар ростои дифо аз тамомияти арзӣ, ба давр аз тааллулу таъҷил ва бо диққату дироят ва дар замони муносиб посухи пушаймонкунанда ва мутафовитеро ба мутаҷовизон хоҳад дод.
Сарлашкар Боқирӣ ҳамчунин бо ишора ба ду амалиёти “Ваъдаи содиқ” тасреҳ кард:
Ҳамонтавр, ки ин ду амалиёт ба лиҳози тактику шакли иҷро ва ҳатто навъи таслеҳоти бакоррафта дар онҳо, бо якдигар мутафовит буд, посух ба таҷовузи ахири Исроил низ варои тасаввуроти сарони ин режим тарҳрезӣ шудааст.
Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон ба истисолу дармондагии ин рӯзҳои режими саҳюнистӣ дар ду ҷабҳаи Ғазза ва ҷануби Лубнон низ пардохт ва гуфт: Артиши режими саҳюнистӣ бо вуҷуди ҳамаи ҷиноёте, ки зидди ғайринизомиён дар Лубнону Борикаи Ғазза анҷом дода, натавониста ба ҳеҷ кадом аз аҳдофи эъломии худ бирасад.
342/