Ба гузориши шабакаи “Саҳоб”, Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) рӯзи панҷшанбе эълом кард, мо аз судури ҳукми боздошт барои террористҳо Натанёҳу ва Галант тавассути Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ (кайфарӣ) ба иттиҳоми ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият истиқбол мекунем.
Ин ҷунбиш афзуд: Мо аз Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ мехоҳем, ки ҳамаи сарони Исроилро мавриди бозхосту муҷозот қарор диҳад ва аз кишварҳои ҷаҳон мехоҳем, ки бо додгоҳ барои боздошти Натанёҳу ва Галант - ду ҷинояткори ҷангӣ ҳамкорӣ кунанд ва ба ҷиноёти наслкушӣ алайҳи ғайринизомиён дар Ғазза поён диҳанд.
342/