13 Ноябр 2024 - 18:50
Муваффақияти ширкати эронӣ дар тавлиди наномукаммилҳое барои пешгирӣ ва дармони формӯшхотирӣ

Муҳаққиқони як ширкати донишбунёни эронӣ мукаммалҳои доруӣ барои пешгирӣ аз бемории фаромӯшхотирӣ(алзаймер)кремҳои шахсисозӣ шуда барои тармими захмҳои пустӣ тавлид карданд.

Ширкати донишбунёни эронии нанозист фанноварии “Фирдавсӣ” бо истифода аз технологияи нано, доруе мукаммил барои пешгирӣ ва дармони алзаймер тавлид кардааст.

Ба гузориши Порс тудей, ин дору ҳовии фаровардаҳои табиӣ ҳамчун нано зарроти “ Fan Quill” ва “Quercetin” аст.

Тавлиди кислотаи эллагикӣ (EA) аз таркиботи мавҷӯд дар пусти анор аз дигар заминаҳои таҳқиқотии ин ширкат аст. Ин таркибот ҳовии антиоксиданти қавӣ аст, ки ба унвони як мукаммили пешгирӣ аз бурузи саратон истифода мешавад.

342/